• Home »
  • Без рубрики »
  • Аз рафти озмун: таҳқиқи навори муноқишаи лафзӣ ронандаро ба ҷавобгарӣ ҷалб намуд!
Аз рафти озмун: таҳқиқи навори муноқишаи лафзӣ ронандаро ба ҷавобгарӣ ҷалб намуд!

Аз рафти озмун: таҳқиқи навори муноқишаи лафзӣ ронандаро ба ҷавобгарӣ ҷалб намуд!

   Дар доираи баргузории озмуни «Беҳтарин навор ва расми қирдорҳои зиддиҳуқуқӣ», яке аз иштирокчиён бо ирсоли навори муноқишаи лафзии ронандаи яке аз хатсайрҳои мусофиркашони ҷамъиятӣ аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, ки нисбати қонуншикании дар навор инъикосгардида чораи қонунӣ андешида шавад.
   Дар доираи таҳқиқу санҷиши навори мазкур муайян карда шуд, ки нафари дар навор инъикосгардида шаҳрванд Турсунбоев Шавкат Машрафҷонович санаи таваллудаш 10.11.1980 зодаи вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, ҳамчун ронандаи хатсайри мусофиркашонӣ дар пойтхат фаъоляит менамояд. Тавре муайян гардид, номбурда ҳангоми машғули мусофиркашонӣ бо яке аз ронандагони дигари хатсайри 28 муноқиша намуда, ӯро мавриди дашному ҳақорат ва ва озори лафзӣ қарор дода, шаъну шарафи номбурдаро дар ҷамъият паст задааст.
   Зимнан Турсунбоев Шавкат бо худиқрорӣ аз кирдори зиддиҳуқуқии содирнамудааш изҳори пушаймонӣ намуд.

   Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Турсунбоев Шавкат тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори суд бинобар дар тарбияташ қарор доштани 3 нафар кӯдакони ноболиғ нисбаташ шартан ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin