• Home »
  • ХАБАР »
  • Амалиёти «Корд» ва ҳабси фурӯшанда: мусодираи беш аз 50 адад электрошокер, дастчӯб, кастет ва кордҳои махсус
Амалиёти «Корд» ва ҳабси фурӯшанда: мусодираи беш аз 50 адад электрошокер, дастчӯб, кастет ва кордҳои махсус

Амалиёти «Корд» ва ҳабси фурӯшанда: мусодираи беш аз 50 адад электрошокер, дастчӯб, кастет ва кордҳои махсус

   Ҷиҳати пешгирии содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб, махсусан содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт пайваста рейду амалиётҳои дахлдор баргузор карда мешавад. Аз ҷумла дар доираи баргузории амалиёти шартии «Корд» аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як нафар фурӯшанда ва паҳнкунандаи ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда, аз қабили кордҳои гуногунтамға, кастет, дастчӯби резинин ва электрошокер муайяну ошкор ва фурушандаи он дастгир карда шуд.
   Зимни санҷиш муайян гардид, шаҳрванд Юсупов Ҳаким Хонович санаи таваллудаш 28.03.1970 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ дар гузаргоҳи зеризаминии хиёбони Исмоили Сомонӣ, дукони рақами 8 ба соҳибкорӣ машғул гардида, ба таври пинҳонӣ бар хилофи талаботи қонунгузорӣ ба фурӯши предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда даст задааст.
   Дар натиҷаи санҷиш ва азназаргузаронии фурӯшгоҳи мазкур 24 адад корди хурду калон, 6 адад чаки оҳанин (палочка), 13 адад дастчӯбҳои оҳанин, резинӣ ва чубин (дубинка), 2 адад электрошокер ва 2 адад кастет ва дигар предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуданд.


   Зимни пурсиш шаҳрванд Юсупов Ҳаким изҳор дошт, ки предметҳои зикршударо ба хотири ба даст овардани маблағу даромад ба фурӯш гузоштаст, ки онро асосан ҷавонону ноболиғон харидорӣ мекардаанд.
   Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷовонону ноболиғон ин қабил предметҳоро на ба хотири истифодаи хоҷагӣ, балкӣ бо мақсади бо худ нигоҳ доштану дар муноиқшаҳо истифода бурдан, ҳамзамон тарс додани рақибони худ харидорӣ мекунанд, ки далелҳои зиёд аз рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ шоҳиди ин гуфтаҳо мебошанд.
   Бо назардошти ҳалатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Юсупов Ҳаким протоколи ҳуқувайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin