• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҷазои 3 нафар ҷавон барои ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашина: ҳабси пешакӣ ва оғози парвандаи ҷиноятӣ!
Ҷазои 3 нафар ҷавон барои ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашина: ҳабси пешакӣ ва оғози парвандаи ҷиноятӣ!

Ҷазои 3 нафар ҷавон барои ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашина: ҳабси пешакӣ ва оғози парвандаи ҷиноятӣ!

  Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашина ба гурӯҳи ҷиноятҳои ба муқобили моликият равонагардида ҳисобида шуда, содиркунандагони он ба соҳибмулк зарари моддиву маънавӣ мерасонанд.
  Ҳафтаи гузашта дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе якбора 2 ҳолати ин қабил ҷиноят ба қайд гирифта шуда, ҷинояткорон 2 адад автомашинаҳои тамғаи «Опел Астра» рақамҳои қайди давлатиашон 5428МО03 ва 0147OZ01-ро, ки ба 2 нафар сокинони ноҳияи Фардавсӣ таалуқ дошта, дар назди биноҳои баландошёнаашон беназорат меистод, дар вақти шабона тахминан соатҳои 1.30 дақиқа бо роҳи шикастани оина вориди онҳо шуда, ғайриқонунӣ ба самти номаълум ҳай карда бурдаанд.
  Дар натиҷаи баргузории як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе се нафарро ҳамчун гумонбар дар содирнамоии ҷинояти болозикргардида боздошт ва ба мақомоти милитсия дастрас намуданд, ки инҳо:
Менгатов Шуҳрат Бустонович санаи таваллудаш 18.07.1996, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Сомон;


Шаҳидҷони Давлат санаи таваллудаш 10.08.1998, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷамоати деҳоти Файзобод, деҳаи Гулзор, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе;


Мирзоев Файзалӣ Сабзалихонович санаи тавалудаш 15.09.1997, зода ва истиқоматкунандаи н.Восеъ кӯчаи И.Сомонӣ мебошанд.


  Зимни баргузории чорабиниҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки боздоштшудагон бо ҳам робитаи дустӣ дошта, нақшаи ғайиқонунӣ ҳай карда бурдани автомашинаро бидуни мақсади тасарруф тарҳрезӣ ва сипас онро амалӣ намудаанд.
  Тавре муайян гардид, гумонбаршудагон дар яке аз ин ҳолатҳои ҷиноӣ автомашинаи рабудашудаи тамғаи «Опел Астра» рақами давлатиаш 5428МО03-ро аз ҳудуди шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон бурда, дар нимароҳ гузошта, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд, ки дар натиҷа аз ҷониби кормандони милитсия автомашина дарёфт ва ҷиҳати ба соҳибмулк баргардонидан ба шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати гумонбаршавандагон тибқи талаботи моддаи 252 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз, гумонбаршавандагон дар ҳабси пешакӣ қарор ва тафтишот идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin