Ҷазои дағалрафтор: ронандаи хатсайри №8 ҷаримабандӣ карда шуд

Ҷазои дағалрафтор: ронандаи хатсайри №8 ҷаримабандӣ карда шуд

  Як нафар ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе бо нашри муроҷиат дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук аз мақомоти дахлдор хоҳиш намуд, ки нисбати ронандаи «Автобус» рақамҳои қайди давлатиаш 8221ТТ05, ки дар хатсайри №8 фаъолияти мусофиркашонӣ дорад, чораҳои қонунӣ андешида шавад.
  Ба иттилои муроҷиаткунанда, ронандаи автобус хилофи талаботҳои хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ амал намуда, бар замми он, ки аз ронандагон ба таври нақдӣ маблағи роҳкиро меситонад, ҳамзамон дар муошират бо мусофирон ба дағалӣ роҳ дода, нисбати зани муроҷиаткунанда хилофи маданияти ронандагӣ бо садои баланд дағалрафторӣ намуда, оромии дигар мусофиронро халалдор ва рафтори зиддиҳуқуқӣ содир намудааст. Илова бар ин, муроҷиаткунанда зикр намудааст, ки ронанда ба таври қасдона ҳангоми фаромаднаш аз автобус тавре дарро пушидааст, ки фарзанди ноболиғаш зери дар мондааст. 
  Муроҷиати мазкур боиси вокуниши шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, дар зимн аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намудаанд, ки нисбати ин ронандаи дағалрафтор чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
  Зимни санҷиши муроҷиати мазкур ронандаи хатсайри зикргардида муайян ва ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуд.


  Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Ғаффоров Акмал Убайдуллоевич санаи таваллудаш 05.12.1994, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Маяковский, ронандаи ККВД «Автобус-1» мебошад. Зимни пурсиши шоҳидон ва санҷиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи мазкур гуноҳи содирнамудаи ронанда тасдиқи худро ёфт.
  Вобаста ба ин нисбати Ғаффоров Акмал тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, бинобар бори аввал содир намудани кирдори зиддиҳуқуқӣ ва дар тарбияташ доштани фарзандони ноболиғ бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin