• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси ҷавонписар барои таҳқиру озори лафзии модар
Ҳабси ҷавонписар барои таҳқиру озори лафзии модар

Ҳабси ҷавонписар барои таҳқиру озори лафзии модар

  Ҳурмату эҳтироми волидайн қарзи фарзандиву инсонии ҳар як нафар мебошад. Вале боиси таассуфи бузург аст, ки баъзе аз фарзандон ба қадри заҳматҳои падару модари хеш нарасида, бо амалу кирдори нописанди худ боиси озурдахотирии онҳо мешаванд.
  Дар таҷрибаи тафтишотӣ ва фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки фарзандон дар баддарин ҳолат дасти худ ба хуни падар ва ё модари хеш оғушта намуда, модар ва ё падари худро аз ҳаёт маҳрум сохтаанд. Мақомоти милитсия ҷиҳати пешгирии чунин ҳолатҳои нангин ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани афроди ба содирнамоии ҷиноят майлдошта, пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чораҳои пешгирикунандаро амалӣ месозад.
  Аз ҷумла дар натиҷаи санҷиши муроҷиати як нафар модар, шаҳрванд Нозимов Тоҳир Содиқович, санаи таваллудаш 01. 01. 2001, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Теппаҳои Шарқӣ дастгир карда шуд. Зимни пурсиш ва пешбурди корҳои санҷишӣ муайян гардид, ки номбурда муддатест бо модари худ муноқиша намуда, бо суханони дағалу амалу рафтори ноҷои худ боиси озори модар шуда, ҳамзамон тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт бо мақсади пешгирии сар задани ҳодисаҳои нохуш ва ҷиноятҳои вазнин ҳамзамон ба роҳи рост ҳидоят намудани шаҳрванд Нозимов Тоҳир Содиқович нисбаташ тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin