• Home »
  • ХАБАР »
  • Боз як нафари бе макони зист соҳиби кору макони будубош гардид
Боз як нафари бе макони зист соҳиби кору макони будубош гардид

Боз як нафари бе макони зист соҳиби кору макони будубош гардид

  Дар идомаи баргузории чорабиниҳои профилактикӣ-пешгирикунанда оид ба бартараф намудани оворагардӣ, муайян намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда ва бо ҷои кору зист таъмин намудани шахсони бе ҷои истиқомат, ки аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе рӯи даст гирифта шудааст, боз дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ чунин 1 ҳолат муайян карда шуд.


  Баъди ба мақомоти милитсия дастрас намудан ва баргузор намудани суҳбатҳои профилактикӣ муайян гардид, ки нафари дастрасгардида шаҳрванд Бобоев Ҳусайн Тошович санаи таваллудаш 19.02.1970 зодаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон буда, давоми чандин соли охир бе макони будубош дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст. Дар натиҷа аз ҷониби кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Бобоев Ҳусайн дар Нозироти минтақавии “Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзилӣ”- №6-и ноҳияи Фирдавсӣ бо ҷои кор, музд ва макони будубош таъмин карда шуда, ҳамзамон бо онҳо либосҳои гарми зимистона таъмин карда шуд.
  Тавре иттилоъ дода будем аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ҷиҳати дар байни аҳолӣ бурдани корҳои таблиғотӣ, оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва одоби шаҳрнишинӣ, аз байн бурдани падидаҳои халалдоркунандаи оромии ҷомеа, баррасӣ намудани мушкилоти мардум ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта чорабиниҳо гузаронида шуда истодааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin