• Home »
  • Без рубрики »
  • Боздошт аз рӯи навор: Тарки ҷои ҳодиса баъди задани ҷавонзан бо ҳамроҳии фарзанди хурдсолаш
Боздошт аз рӯи навор: Тарки ҷои ҳодиса баъди задани ҷавонзан бо ҳамроҳии фарзанди хурдсолаш

Боздошт аз рӯи навор: Тарки ҷои ҳодиса баъди задани ҷавонзан бо ҳамроҳии фарзанди хурдсолаш

   Нодида гирифтани аломатҳои танзимкунандаи ҳаракати роҳ махсусан, беэътиноӣ нисбати пеиёдагардон дар бештари маврид боиси сар задании ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои марговар мегардад. Чуноне аз таҳлилҳо бармеоянд, дар баъзан маврид худи пиёдагардон низ ба Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ эътибор надода, саросемавор ҳангоми ҳаракати воситаҳои нақлиёт роҳро убур мекунанд, ки пеш аз ҳама ҷони худро дар хатар мегузоранд.
Аз ҷумла як нафар ҷавонзан, сокини пойтахт бо ирсоли наворе аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуд, ки нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай, ки ҳангоми идораи автомашина бо суръати баланд дар назди бозори Саховат як нафар занро бо фарзанди хурдсолаш зада, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст, чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Чуноне аз навори камераҳои назоратии ҷои ҳодиса бармеояд, як нафар ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай, рақамҳои қайди давлатиаш 0046 RR 01, зимни идораи нақлиёт бо сураъти баланд ва муқобили самт ба аломат ва хати танзимкунандаи роҳи пиёдагард беэътиноӣ намуда, бо ба вуҷуд овардани ҳолати хатарноки садамавӣ як нафар зан-пиёдагардро бо ҳамроҳии фарзани хурдсолаш зада, бе расонидани ёрӣ ба пиёдагард ҷои ҳодисаро тарк намудааст.
Зимни санҷиш ронандаи автомашинаи дар навор инъикосёфта муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд, ки ин нафар, шаҳрванд Раҳмонов Анушервон Алимаҳмадович соли таваллудаш 24.11.1998, сокини шаҳри Душанбе мебошад.


Дар натиҷа муайян карда шуд, ки сабаби асосии ин ҳодиса маҳз беэътиноӣ, бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт дар минтақаи аҳолинишин ва нодида гирифтани хати танзимкунандаи ҳаракати роҳ аз ҷониби ронандаи автомашинаи мазкур мебошад.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронандаи автомашина Раҳмонов Анушервон маводҳои лозима тартиб дода шуда, таҳқиқ идома дорад
Милитсияи пойтахт ба шаҳрвандоне, ки худро бетараф нагирифта, ҷиҳати танзими ҳаракати роҳ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ мекунанд ва расму наворҳои қоидавайронкунандагонро ба суроғаҳои электронии РВКД дар шаҳри Душанбе мефиристанд, изҳори сипос мегӯяд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin