• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси ронандаву мусофир барои сар берун кардан аз оинаи қисмати паҳлуии автомашина
Ҳабси ронандаву мусофир барои сар берун кардан аз оинаи қисмати паҳлуии автомашина

Ҳабси ронандаву мусофир барои сар берун кардан аз оинаи қисмати паҳлуии автомашина

  Санаи 17-уми августи солӣ ҷорӣ дар сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз тирезаи канори рости автомашинаи мусофиркашон ба берун баровардани қисми бадани як нафар ҷавонписари мусофир инъикос ёфта, бо ба вуҷуд овардани ҳолати хатарноку садамавӣ автомашинаи мазкур дар яке аз кӯчаҳои марказии пойтахти кившар шаҳри Душанбе ҳаракат менамуд. Ин амали хатарноки ҷавонписар мавриди вокуниши шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, аз милитсияи пойтахт хостори андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ шудаанд.


  Вобаста ба ин дар натичаи пешбурди корҳои санҷишӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки санаи мазкур тақрибан соати 22:00 писарбачаи ноболиғ А.Т., санаи таваллудаш 02.07.2004 ҳангоми дар дохили автомашинаи мазкур қарор доштанаш ба ин кирдори хатарноку ғайриахлоқӣ даст задааст.


  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дар дохили автомашинаи мазкур шаҳрванд Анақулов Алиҷон Раҳмонович санаи таваллудаш 27.09.1979, сокини деҳаи Ҳуснободи шаҳри Ваҳдат низ дар ҳолати мастӣ қарор дошта, ҳангоми ҳаракат садои худро баланд намуда, оромии шабонаи шаҳрвандонро халалдор сохтааст.


  Ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Идрисов Сайнуриддин Муҳсиддинович санаи таваллудаш 18.07.1999 сокини кӯчаи Ҳаёти нави шаҳри Душанбе бо мушоҳидаи ин ҳолат, на ин ки монеи амалу кирдори ғайриахлоқии мусофирони худ гаштааст, балки дидаву дониста дар ҳолати хатарноку садамавӣ ба идора намудани автомашинаи худ идома додааст.


  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Идрисов Сайнуриддин ва мусофир Анақулов Алиҷон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташон бо қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлатҳои 7 ва 8 шабонарӯзӣ таъин карда шуд.
  Илова бар ин, тибқи талаботи моддаи мазкур бо назардошти ноболиг будани писрбачаи 16 сола, ки ҳаракатҳои зиддиқонунӣ нишон додаст, нисбаташ шартан ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобхо таъин карда шуда, падари ӯ шаҳрванд Агенесов Арам Артенович санаи таваллудаш 17.04.1978 сокини кӯчаи Анзоби шаҳри Душанбе барои вайрон намудани талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъуияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» огоҳонида шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin