• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи фаврии навор: Ҳабси авбошон барои латукуби ҳамдигар
Таҳқиқи фаврии навор: Ҳабси авбошон барои латукуби ҳамдигар

Таҳқиқи фаврии навор: Ҳабси авбошон барои латукуби ҳамдигар

  Санаи 17-уми августи соли ҷорӣ навори муноқишаи ду нафар ҷавонмарди тахминан 30-35 сола дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, ки дар он ҳолати латукуби бераҳмона ва муноқишаи ду нафар инъикос ёфтааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо ирсоли навори мазкур аз Раёсати ВКД дар ш. Душанбе дархост намуданд, то нафарони гумонбар дастгир ва нисбаташон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.


  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, худи ҳамон рӯз ҳарду ҳуқуқвайронкунанда муайян ва дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуданд.
  Муайян карда шуд, ки инҳо шаҳрвандон Ҷураев Отабек Тоштемурович санаи таваллудаш 05.06.1983 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фурӯзон;

Гинатулин Интизор Ҳабибуллоевич санаи таваллудаш 02.08.1985 сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳувайдуллоев;

мебошанд. 

  Зимни пурсиш ва пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурдагон санаи 17-уми августи соли ҷорӣ ҳангоми қарордошт дар кӯчаи Ҳ. Шерозӣ назди нуқтаи фурӯши сузишвории «Газпром» аз сабаби нофаҳмиҳои тиҷоратии қаблан ба вуҷудомада, тартиботи ҷамъитиро дағалона вайрон намуда, нисбати ҳамдигар дашному суханони қабеҳ зада, ҳамдигарро мавриди латуқуб қарор додаанд. 
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ҳарду ҳуқуқвайронкунанда, шаҳрвандон Ҷураев Отабек ва Гинатулин Интизор тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суд нисбаташон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ, ҳар кадоме ба муҳлати 10-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin