Таҳқиқи садама дар эстакада: Бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва бо суръати баланд

Таҳқиқи садама дар эстакада: Бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва бо суръати баланд

  Санаи 13-уми августи соли ҷорӣ тақрибан соатҳои 15:00 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Toyota RAV-4”, рақами қайди давлатиаш 0009ВО 07 шаҳрванд Оев Қосим Раҳматович соли таваллудаш 1990 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Раҳим Ҷалил ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Н.Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ба тарафи кӯчаи Б.Ғафуров дар рӯ ба рӯи истгоҳи воситаҳои нақлиёти мусофирбар, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба монеасанги (бардюр) канори роҳ ва сипас ба бетони поясутуни симчуб бархурда, автомашинаи худро чаппагардон кардааст, ки дар натиҷа воситаи нақлиёти мазкур зарари техникӣ гирифта, ягон нафар ҷароҳати ҷисмонӣ набардоштааст.


  Ҳодисаи мазкур ба шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ роҳ ёфта, мавриди вокуниши шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифтааст.
  Дар натиҷаи пешбурди корҳои санҷишӣ ронанда ва автомашинаи мазкур ба ШБДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуда сабабу омилҳои сар задани ҳодисаи мазкур муайян карда шуд.
  Зимни пурсиш ошкор гардид, ки ронандаи автомашинаи мазкур Оев Қосим бе ҳуҷҷати ронандаигӣ автомашинаро идора намуда, аз сабаби баланд намудани суръати ҳаракати роҳ аз ӯҳдаи идораи он набаромада ба саама дучор гаштааст. Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуда, таҳқиқ дар ин самт ҷараён дорад.


  Чуноне таҳлилҳо ва садамаҳои рухдодаи вақтҳои охир нишон медиҳанд аксари ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиётӣ дар натиҷаи баланд намудани суръати ҳаракати роҳ ба вуқуъ мепайванданд. Аз ин лиҳоз Раёсати ВКД дар ш. Душанбе аз кулли ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш ва талаб менамояд, ки Қоидаҳои ҳаракати роҳро ба таври қатъӣ риоя намуда, пеш аз ҳама дар фикри саломатии худ ва атрофиён бошанд, зеро яклаҳзаина суръатафзоии воситаи нақлиёт боиси сар задани ҳодисаҳои гушношуниди нақлиётӣ гардида, боиси мотамзадаву парешон гаштани чандин хонаводагони дигар мегардад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin