• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабсу ҷаримабандии 4 ҷавонзан барои муноқиша ва ҳаракатҳои авбошона
Ҳабсу ҷаримабандии 4 ҷавонзан барои муноқиша ва ҳаракатҳои авбошона

Ҳабсу ҷаримабандии 4 ҷавонзан барои муноқиша ва ҳаракатҳои авбошона

  Санаи 23 июл дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ навори муноқиша ва занозании ду нафар ҷавонзанон дар вақти шабона ва бо алфози қабеҳ дашномдиҳии ҳамдигарӣ нашр гардид, ки боиси вокунишҳои манфии истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ гардида, корбарон бо ирсоли навори муноқиша аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки нисбати ҳодисаи мазкур чораандешӣ карда шавад.


  Дар доираи баррасии муроҷиати мазкур кормандони милитсияи шаҳри Душанбе бо баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гузашти 1 соат баъди пахши навор шахсияти нафарони дар навор инъикосгардида муайян намуда, ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас намуданд. Инҳо:
Қурбонова Замира Раҷабалиевна 23.05.2001 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Яккачинор.


Қувватова Марҷона Убайдуллоевна соли таваллудаш 07.07.1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Яккачнор;


Назарзода Аниса Ғайрат истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қаротегин;


Табарова Нигора Зокировна соли таваллудаш 11.12.1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Титова;


  Зимни санҷиши ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, ки санаи 23 июл тахминан соатҳои 3.30 дақиқаи шабона ҳангоми аз қаҳвахонаи Ретпотайм дар ҳолати мастӣ баромадани шаҳрвандон Табарова Нигора ва Назарзода Аниса ҷониби дигар Қувватова Марҷона, ки худ дар ҳолати мастӣ қарор дошт, онҳоро дашномҳои қабеҳ дода, нисбаташон суханҳои ғайриахлоқӣ задааст.
  Дар ҳамин ҳол боздоштшуда Назарзода Аниса ба таври авбошона ба Қувватона Марҷона дарафтода, зимни муноқиша бо алфози қабеҳ ҳамдигарро дашному ҳақорат намуда, тартиботи ҷамъиятиро дар вақти шабона дағалона вайрон намудаанд.
  Вобаста ба далелҳои дастрасгардида нисбати ҳамаи боздоштшудагон тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол карда шуд.


  Бо назардошти он ки дар тарбияи 3 нафар боздоштшудагон Қурбонова Замира Раҷабалиевна, Қувватова Марҷона Убайдуллоевна ва Назарзода Аниса Ғайрат кӯдакони хурдсол қарор дорад, нисбати онҳо дар асоси қарори Суд ҷарима ба андозаи 10 нишондиҳанда (580 сомонӣ) таъин карда шуда, нисбати Табарова Нигора Зокировна ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 3 шабонарӯз таъин ва ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin