Ҳукми судии 7-нафар аъзоёни гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллӣ (Видео)
Ҳафтаи ҷорӣ дар бинои Суди шаҳри Душанбе қисмати ниҳоии мурофиаи судии 7 нафар айбдоршавандаҳо, аъзоёни гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллӣ, ки дар ҷинояти махсусан вазнин – қочоқу муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор айбдор дониста мешуданд, баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки ин гурӯҳи нашъаҷаллоби трансмиллӣ дар ҳайати 7 нафар 3 моҳ қабл аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе боздошт карда шуда, дар умум аз ин гурӯҳ зиёда аз 70 кг воситаҳои гуногуни нашъадор мусодира гардида буд, ки доир ба рафти амалиёти дастгиркунии аъзоёни гурӯҳ ва саҳми онҳо дар ин кирдори ҷиноӣ дар барномаи махсуси «Пайроҳаи қочоқ» муфассал иттилоъ дода будем.
Роҳбари ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятии трансмиллӣ шаҳрванд Қурбонов Муқим Шералиевич сокини шаҳри Норак, ҷ/д Пули Сангин, деҳаи Кибил буда, дар байни гурӯҳҳои нашъаҷаллоб бо тахаллусҳои «Муқимча» ва «Бачаи кампир» маъруф аст. Номбурда ҳарчанд гузаштаи доғдоркунандаи ҷиноӣ дошта, ду маротиба маҳбасӣ гардида бошад ҳам, боз ба худ хулосаи ибратбахш набароварда, бо таъсиси як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ба қочоқ ва хариду фуруши воситаҳои нашъадор даст задааст.
Дар рафти тафтиши пешакӣ саҳми ҳар як аъзоёни гурӯҳ дар қочоқи маводи мухаддир, дастраснамоӣ, интиқол, паҳнкунӣ ва фуруши он дар дохил ва кившарҳои хориҷа муайян карда шуда, дақиқ гардид, ки хариду фуруш ва ҳамагуна амалиётҳои додудигирифти ғайриқонунии воситаҳои нашъадорро роҳбари гурӯҳи муташаккил Қурбонов Муқим назорат ва нақшабандӣ намуда, тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷумла “Ватс-Ап”, “Имо”, “Вайбер” бо дигар ҳаммаслаконаш ба роҳ мондааст.
Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур, кирдору ҳаракатҳои ҳар як аъзоёни гурӯҳ тибқи талаботи моддаи 200 қисми 4-и Қодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон) бастубанд карда шуда, дар рафти баррасии парвандаи мазкур дар маҷлиси ошкорои судӣ нисбати ҳар кадоме ҷазои сазовор таъин карда шуд.
Аз ҷумла нисбати роҳбари гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб Қурбонов Муқим Шералиевич ва ду нафар ҳаммаслаки дигараш Назиров Рӯҳангез Латифович ва Боронов Ҳикматулло Мирзоевич ҷазои ҷиноӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати 20 сол таъин карда шуд. Илова бар ин аъзоёни дигари гурӯҳи нашъаҷаллоб Назиров Сироҷ Сулаймонович, Салимдодов Шамсиддин Самиевич, Латипов Зоир Гадоевич ва Қаландаров Доваршо Мирзоевич ба муҳлатҳои аз 15 то 17-солӣ бо адои ҷазо дар калонияҳои низомашон сахт таъин карда шуданд.
Ҳамзамон молу мулки маҳкумшудагон, аз қабили манзили истиқоматии 2-ошёна, лимухона, маркази савдои «Осиё», манзили истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри Норак ва 7-адад автомашинаҳои гаронарзиши хориҷӣ, ки аз ҷониби милитсияи шаҳри Душанбе дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-тафтишоӣ ба ҳабс гирифта шуда буданд, ба фоидаи давлат мусодира гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки хариду фурӯши воситаҳои нашъадор ва пайроҳаи қочоқ дар ягон давру замон поянда нахоҳад буд. Пойдевор ва сарвате, ки тавассути нашъаҷаллобӣ ва маблағи аз ин ҳисоб бадастомада, бунёд гардидааст, ноустувору бебақо хоҳад буд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе