• Home »
  • Без рубрики »
  • Бе ниқоб гаштугузор қатъиян манъ аст!: Идомаи амалиёти профилактикӣ ва корҳои фаҳмондадиҳии милитсияи пойтахт
Бе ниқоб гаштугузор қатъиян манъ аст!: Идомаи амалиёти профилактикӣ ва корҳои фаҳмондадиҳии милитсияи пойтахт

Бе ниқоб гаштугузор қатъиян манъ аст!: Идомаи амалиёти профилактикӣ ва корҳои фаҳмондадиҳии милитсияи пойтахт

  Чуноне қаблан иттилоъ дода будем кормандони милитсияи пойтахт ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавируси нав – КОВИД-19 ҷиҳати риояи масофаи иҷтимоӣ ва истифодаи ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ дар кӯчаҳои пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда истодаанд. Мавриди зикр аст, ки ин тасмим дар доираи тавсия ва талаботи ҷоригардида аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии коронавирус амалӣ карда мешивад, ки гаштугузори шаҳрвандон дар кӯчаву хиёбон ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ниқобҳои муҳофизатӣ ҳатмӣ мебошад.
  Вобаста ба ин ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокӣ ва огоҳонидани шаҳрвандон гурӯҳҳои мобилии милитсияи пойтахт ин навбат дар дӯкону фурӯшгоҳ ва мағозаҳои фурӯши хӯроки умум, инчунин дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати риояи Қоидаҳои беҳдоштӣ бо шаҳрвандон суҳбатҳои профилактикӣ гузарониданд.
  Аз ҷумла дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои профилактикии мазкур ҳолатҳои зиёди риоя накардани талаботҳои аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ муқаррагардида аз ҷониби фурӯшандагону савдогарон ба қайд гирифта шуданд. Бояд гуфт, ки ин қоидаҳои ҷоригардидаро махсусан тоҷирону фурӯшандагони нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти хурокворӣ беш аз дигарон бояд ба таври қатъӣ риоя намоянд. Зеро онҳо ҳангоми фаъолияти кории худ бо шаҳрвандони зиёде рӯ ба рӯ мешаванд, ки чунин беаҳамиятии онҳо метавонад пеш аз ҳама худи онҳо ва дигар шаҳрвандонро зери хатари сироятёбӣ ба ин беморӣ гузорад.
  Кормандони милитсияи пойтахт, бо он нафароне, ки зимни баргузории ин амалиёти профилактикӣ дар марказҳои савдо ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ бе ниқоб мушоҳида намуданд, суҳбатҳои профилактикӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
  Аз ҷумла шаҳрвандони зерин бе ниқоби муҳофизатии тиббӣ дар нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти хурокворӣ ба фаъолият машғул буданд:

Маҳмудов Исмоил Абдуваҳҳобович соли таваллудаш 1981, фурӯшандаи дӯкони гӯшт дар бозори “Деҳқон”:

Началов Исматуло Машрабович соли таваллудаш 1980, фурӯшандаи дӯкони гӯшт дар бозори “Деҳқон”:

Раҳимов Зоир Муҳамадович соли таваллудаш 1993, фурӯшандаи дӯкони гӯшт дар бозори “Деҳқон”:

Ёдгоров Рустам Абдуназарович соли таваллудаш 1987, фурӯшандаи дӯкони гӯшт дар бозори “Деҳқон”:


Ғаффоров Фаридун Умарович соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ;

Ҳасанов Зафарҷон Рабинович соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Теппаҳои Шарқӣ;

Ёқубов Абдуҷаббор Маҳмадраҳимович соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Деҳлавӣ;

Бобокова Муродсултон Ғуломалиевна соли таваллудаш 1964, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Теппаҳои Шарқӣ;

Сангалиев Хурсандшо соли таваллудаш 1992 истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Теппаҳои Шарқӣ;

Абдурозиқов Исломиддин Ҳошимович соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи кӯч Лоҳутӣ;

Абдурозиқов Убайдулло Ҳошимович, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи н. Фархор, деҳаи Лоҳутӣ;

Нозимов Хайриддин Амриддинович, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи ш. Душанбе;

Хамидов Шералӣ Шодиевич соли таваллудаш 1968, истиқоматкунандаи ш. Душанбе;

Комилов Зоир Турсунович соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи ш. Душанбе;

Бахтиёри Курбоналӣ фурушнадаи гӯшт дар бозори Саховат;

Орифов Абдулло Амонуллоевич соли таваллудаш 1981 фурӯшандаи картошка дар бозори Саховат;

Нуров Иброхим Эраҷович соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи ш. Душанбе;

Алиева Анварбӣ Исмоиловна соли таваллудаш 1975 корманди ошхона дар бозори Саховат;

Мавлонов Хабибулло Файзуллоевич соли таваллудаш 1978, фурушандаи мағозаи хурокворӣ дар бозори Саховат;

Қуватзода Хуршеди Сафаралӣ соли таваллудаш 1989 истиқоматкунандаи ш. Душанбе, маҳаллаи Навобод;

Гиёев Ҷумахон Шарифович соли таваллудаш 1975 истиқоматкунандаи н. Муминобод, ҷамоати Ҷавонон;

Собиров Шамсиддин Бадриддинович соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи н. А. Ҷомӣ, деҳаи Гулобод;

Собиров Умедҷон Бадриддинович, соли таваллудаш 1986 истиқоматкунандаи н. А. Ҷомӣ, деҳаи Гулобод;

Қодиров Ҳабибулло Умаралиевич соли таваллудаш 1978 истиқоматкунандаи ш. Душанбе

  Бо истифода аз фурсати муносиб Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳангоми гаштугузор Қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, ҳангоми аз хона баромадан ба таври ҳатмӣ аз ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ ва нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ истифода намуда, саҳми худро дар ҳифзи солимии ҷомеа гузоранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin