Боздошти 10-нафар ва мусодираи 10-адад корд
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳо бо истифода аз силоҳи сард бо ташаббуси Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди пойтахт амалиёти шартӣ бо номи «Корд» дар якчанд марҳила роҳандозӣ карда шуд, ки дар натиҷа пеши роҳи содиршавии ҷиноятҳо бо истифода аз кор гирифта шуд. Мавриди зикр аст, ки амалиёти мазкур дар ҳудуди пойтахт идома дошта, милитсияи шаҳри Душанбе то пурра решакан намудани ин падидаи номатлуб дар ҷомеа мубориза мебарад.
Аз ҷумла дар давоми як ҳафтаи охир кормандони милитсияи пойтахт дар доираи роҳандозӣ намуданаи амалиёти мазкур дар марҳилаи навбатӣ 10-нафарро боздошт намуданд, ки номбурдагон бо худ силоҳи сард мегардониданд. Дар рафти баргузории марҳилаи навбатии амалиёт аз 10-нафар шаҳрвандон 10-адад корд дарёфту мусодира карда шуданд.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шуд, чораҳои гуногуни таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла нисбати ду нафар ҳабси маъмурӣ, нисбати волидайни як нафар ноболиғ протоколи маъмурӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати 7-нафари дигар ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуданд.
Аз ҷумла шаҳрвандони зерин:
Хочаев Аброр Саидисломович соли таваллудаш 31.12.1988 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Назаршоев, пеш бо моддаи 200 кисми 3 КҶ ҶТ суд шудааст, як-адад корд;
Сатторов Шоҳин Ҳотамуродович соли таваллудаш 25. 01. 1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Шафақ, як адад корд;
Мирзоахмедов Эраҷ Дилшодович, соли таваллудаш 07. 01. 1997 зода ва сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд, як-адад корд;
Қодиров Акрамҷон Ишонҷонович соли таваллудаш 02. 08. 1995 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Маяковский, пеш бо моддаи 244 ва 237 КҶ ҶТ суд шудааст, як-адад корд;
Ҳикматов Додулло Шамсуллоевич истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Навбаҳор, якадад қайчӣ;
Раҳимов Холид Тоҳирович, соли таваллудаш 01. 07. 1998, истиқоматкунандаи вилояти Суғд ноҳияи Б. Ғафуров кӯчаи Авиатор 69, як адад корд;
Нуриддинов Амирҷон Хуршедович, соли таваллудаш 11. 09. 1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Ғафуров, як-адад корд;
Соҳибзода Ҳамза Рустам, соли таваллудаш 27. 10. 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Ф. Муҳаммадиев, як-адад корд;
Мамадқулов Қосим Исрофилович, соли таваллудаш 24. 02. 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, як адад корд;
Умаров Алиҷон Назарович, соли таваллудаш 27. 06. 2004, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Деҳотӣ, як адад корд;
Вобаста ба ин Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои бо худ гирифта гаштани силоҳи сард, ки ҳамагон аз оқибатҳои нохӯши он хуб огаҳанд, бе тараф набошанд. Ҳамзамон амалу рафтор ва доираи дӯстони фарзандони худро зери назорат қарор диҳанд ва нагузоранд то онҳо ҳамроҳи худ чунин ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро гардонанд.
Дар навбати худ милитсияи пойтахт низ то охирин лаҳза ва пурра аз байн бурдани ин амали номатлуб дар ҷомеа мубориза бурда, амалиётҳои мақсаднокро дар ҳудуди пойтат идома медиҳад.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе