Ошкорёбии мардумфиребии як нафар зан бо истифода аз боварӣ ва эътимоди мардум
Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як нафар занро дастгир намуданд, ки дар содир намудани силсилаҷиноятҳои қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Ин нафар, шаҳрванд Аълоева Моҳпарӣ Абдулфаттоевна соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Зайналобод, муҷаррад, маълумоташ олӣ – хатмкардаи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон мебошад, ки бо истифода аз боварӣ ва эътимоди мардум дар якчанд ҳолат даст ба ҷиноятҳои қаллобӣ зада, маблағҳои пулии шаҳрвандонро аз они худ кардааст.
Зимни пешбурди корҳои оперативӣ-тафтишотӣ муайян гардид, ки номбурда аз шаҳрвандон бо ҳар роҳу восита аз ҷумла, бо мақсади дохил намудан ба донишгоҳҳои олии кишвар ва ба Ҳаҷ равон намудану ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул шудан, маблағҳои пулии шаҳрвандонро аз они худ кардааст.
Илова бар ин зимни азназаргузаронии манзили ба иҷора гирифтаи ӯ 17-адад муҳри Донишгоҳҳои олии кишвар, аз ҷумла муҳри «ХАЗИНА-пардохт шуд», «НУСХА дуруст аст», «ВОРИДОТ №__», ҳамчунин шиносномаву аттестат ва як қатор ҳуҷҷатҳои ба таври сохтакорӣ омодашуда дарёфту мусодира карда шудаанд, ки исботи амалҳои қаллобии номбурда мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки гарчанде аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани шаҳрвандон тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда, барои решакан намудани воситабозӣ Маркази миллии тестӣ таъсис ёфтааст, мутаассифона ҳанӯз ҳам баъзе аз шаҳрвандон ба доми мардумфиребон афтода, ба хотири ба ин ё он донишгоҳ дохил намудани фарзанд ва хешовандони худ ба чунин афроди қаллоб маблағҳои пулӣ медиҳанд.
Аз ҷумла дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноятии шаҳрванд Аълоева Моҳпарӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар мавридҳои зиёде аз шаҳрвандон аз 10 то 80 000 сомонӣ ба хотири ба донишгоҳҳо дохил намудан маблағҳои калони пулӣ гирифтааст.
Масалан, аз шаҳрванд Алламуродова Сабоҳат Ҷураевна барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дохил намудани писараш ба маблағи 50 000 сомонӣ гирифта, ӯро фиреб додааст.
Инчунин аз шаҳрванд Расулова Ҳусния ба хотири ба тиҷорат машғул шудан, аз ӯ ба маблағи 80 000 сомонӣ гирифта, бозпас нагардонидааст.
Дар мавриди дигар бошад аз шаҳрванд Розиқов Маҳмадсаид барои худ ва 8 нафар хешовандонашро ба маросими Ҳаҷ-2019 фиристонидан 220 000 сомонӣ гирифта, бозпас нагардонидааст.
Дар ҳолати дигари парванда гумонбаршаванда Аълоева Моҳпарӣ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Мансурова Ҷамила Сулаймоновна даромада, бо воситаи ӯ аз 70 нафар довталабони донишкадаву донишгоҳ ва коллеҷҳои кишвар дар умум 884 000 сомонӣ маблағҳои калони пулӣ ба даст оварда, ба онҳо ваъдаи бардуруғ додааст, ки бо тариқи шартномавӣ ба муассисаҳои олӣ дохил мекунад.
Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон гумонбар дониста шуда, ба шаҳрвандон наздики 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати муайян намудани ҳолатҳои дигари ба ҷинояти қаллобӣ даст доштани номбурда корҳои тафтишотӣ идома дорад.
Айни замон нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4-Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, чорабиниҳои тафтишотӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба муайян намудани ҳаммаслакони ҷиноии ӯ идома дорад.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе