• Home »
  • ХАБАР »
  • Баррасӣ ва тасдиқи маводи инъикоснамудаи корбари Фейсбук
Баррасӣ ва тасдиқи маводи инъикоснамудаи корбари Фейсбук

Баррасӣ ва тасдиқи маводи инъикоснамудаи корбари Фейсбук

  Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маводи инъикоснамудаи корбари фаъоли Фейсбук, рӯзноманигор Шамс Фозилов таҳти унвони “Ба ҷои узру маъзарат ҳақорату таҳдид шунидем”, оид ба муносибати дағалона ва бо қоидавайронкунӣ идора намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», бо рақамҳои 6444 СР 01, ки ғайриқонунӣ ба фаъолияти мусофиркашӣ машғул буд, мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷааш чунин иттилоъ медиҳад.
  Муроҷиати дарҷгардида дар асоси супориши хаттии роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҷониби масъулини хадамотҳои оперативии Раёсат дар якҷоягӣ бо Шуъбаи БДА мавриди санҷиш ва чораҷӯии пурра ва ҳаматарафа қарор дода шуда, дар асоси далелҳои дар мавод инъикосгардида, ронандаи воситаи нақлиёт боздошт ва ба милитсия дастрас карда шуд.


  Дар натиҷа муайян гардид, ки воситаи нақлиёти тамғаи Опел-Астра, аломати қайди давлатиаш 6444 СР 01 ба шаҳрванд Сафаров Ҷамшед Ғоибович соли таваллудаш 1970, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе тааллуқ дошта, ғайриқонунӣ бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ (таксӣ) машғул будааст.
  Илова бар ин муайян гардид, ки далелҳои дар мавод инъикосгардида ба пуррагӣ тасдиқи худро ёфтанд. Зимни санҷиши ҳуҷҷатҳои автомашинаи мазкур дар ҳақиқат номбурда ғайриқонунӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул буда, ҳамзамон бо суръати баланду сабқати нодуруст автомашинаи худро идора мекардааст, ки ин амал метавонад боиси рух додани ҳодисаҳои нохуш гардад. Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида нисбати ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Сафаров Ҷамшед бо дастрасии моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чоруҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуда, дар асоси Қарори Суд ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи 540 сомонӣ ситонида шудааст.


  Аз ин рӯ, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ин самт андешаи муаллифи матлаб оид ба инъикоси вайроннамоии қоидаҳои ҳаракати роҳ ва дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқиро бо мақсади пешгирӣ ва дар оянда роҳ надодан ба чунин ҳуқуқвайронкунӣ ҷонибдорӣ намуда, аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан тавассути телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00 муроҷиат намоед.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin