• Home »
  • Без рубрики »
  • Талбандагӣ мояи даромад нест: ошкорсозии як ҳолати нангин бо истифода аз мӯйсафеди солхӯрда
Талбандагӣ мояи даромад нест: ошкорсозии як ҳолати нангин бо истифода аз мӯйсафеди солхӯрда

Талбандагӣ мояи даромад нест: ошкорсозии як ҳолати нангин бо истифода аз мӯйсафеди солхӯрда

  Бо меҳнат ва дастранҷи худ аз роҳи ҳалол ба даст овардани маблағу таъмин намудани оилаю фарзандон ва бароварда сохтани эҳтиёҷоти рӯзгор шараф ва қарзи ҳар ҷавонмард аст. Мутаассифона дар ҷомеа баъзан одамоне ҳастанд, ки барои таъмин ва пешбурди зиндагонӣ ҷисму тани солими худро ба меҳнат ва пешаи музднок истифода накарда, баръакс бар хилофи оини инсонӣ ба талбандагӣ машғул мешаванд.
  Кормандони мақомоти милитисяи пойтахт зимни роҳандозӣ намудани як амалиёти санҷишӣ чунин як гурӯҳро муайян намуданд, ки аз дигар чунин тоифа куллан фарқ мекунад.


  Зимни санҷиш муайян гардид, ки 3-нафар истиқоматкунандагони ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Зайналобод, деҳаи Кишоварз, шаҳрвандон Бемирзоев Азимҷон Ганҷалович соли таваллудаш 1992, Турақулов Зариф Маъруфович соли таваллудаш 1995, Барноев Файзиддин Нихомиддинович соли таваллудаш 1990, бо мақсади ба даст овардани маблағу даромади бе дарди миён аз пиронсоливу дармондагии пирамарди солхурда шаҳрванд Бемирзоев Ганҷал сокини ноҳияи номбурда истифода карда, ӯро василаи даромади худ қарор додаанд. Номбурдагон пирамардро ҳар рӯз ба воситаи автомашинаи Барноев Файзиддин ба пойтахт оварда, ба аробачаи маъюбӣ шинонида дар байни роҳҳои автомобилгард аз ҳолати ҳузнангези ӯ итифода бурда, бо барангехтани эҳсоси инсондӯстӣ ва раҳму шавқат дар дили одамон ва атрофиён бо ин роҳ маблағ ҷамъ менамуданд.


  Чуноне зимни пурсиши номбурдагон ва санҷиш маълум гардид ин се нафар ба ҷуз аз ин дигар шуғли муайяне надошта, бо ҷисму бозӯи тануманд ва солими худ танҳо ба талбандагӣ машғул мешудаанд. Ҳар рӯз бо ин роҳ маблағи муайяне ҷамъоварӣ намуда, байни худ тақсим мекардаанд.
  Гарчанде қаблан кирдори номубурдагон аз ҷониби кормандони милитсия мавриди эрод қарор гирифта, барои дигар такрор накардан огоҳонида шуда бошанд ҳам вале ба талаботи қонунии корманди милитсия итоат накарда, боз ба чунин фаъолият машғул шудаанд, ки ин боиси қабули қарори қонунӣ гардидааст.


  Аз ҷумла номбурдагон санаи 5-уми июни соли ҷорӣ низ дар кӯчаи Р. Набиеви ноҳияи Сино дар байни роҳи автомобилгард бо ба вуҷуд овардани ҳолати хатарноку садамавӣ ба талбандагӣ машғул буданд. Номбурдагон ба Шуъбаи милитсия оварда шуда, барои риоя накардани талаботи қонунии корманди милитсия нисбаташон парвандаи маъмурӣ бо моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба Суди н. Сино барои баррасӣ ирсол гардид. Суд дар навбати худ санаи 6-уми июни соли ҷорӣ ба ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ таъин кард.
  Аз ҷумла нисбати:
  Бемирзоев Азимҷон Ганҷалович, соли таваллудаш 10. 02. 1992, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷамоати деҳоти Зайналобод, деҳаи Кишоварз, оиладор соҳиби 3-фарзанд, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд;

  Турақулов Зариф Маъруфович, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷамоати деҳоти Зайналобод, деҳаи Кишоварз, оиладор соҳиби 2-фарзанд, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд;

  Барноев Файзиддин Нихомиддинович, соли таваллудаш 30. 05. 1990, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷамоати деҳоти Зайналобод, деҳаи Кишоварз, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Опел» рақамҳои қайди давлатиаш 3270 АТ 07, оиладор соҳиби 6-фарзанд, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 3-шабонарӯз таъин карда шуд.


  Ҷои таасуф аст, ки чунин нафарон бо нишон додани ҳолати ҳузнангези худ аз пайи таъмини рӯзгори хеш гардида, аслан қадри неъмати бебаҳои саломатӣ ва меҳнати ҳалолро намедонанд. Воқеан бояд тазаккур дод, ки саломатӣ чи неъмати бебаҳост, вақте онро сарфи кори накӯ ва меҳнати ҳалол намоем.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin