Ошкорёбии 6-ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ

Ошкорёбии 6-ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ

  Аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзимдаровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад.

  Ин аст, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ин ниҳод қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қоннуншиканӣ роҳ додаанд чораҳои қонунӣ андешида мешаванд. Ҳаминтавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 3367 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. 

 Аз ҷумла:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 6 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 9 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 90 адад;
-Истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 65 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 23 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт – 4 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 26 адад;
-Худсарона баромадан аз хати сайр – 41 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ –189 адад;
-Вазъияти хавфнок – 6адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 601 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон –714 адад;
-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 30 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1082 адад;

          Мавриди зикр аст, ки дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ин идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ буда, гарчанде ҷазо барои чунин ронандагон вазнинтар гардидаву кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати ошкор ва муайяннамоии чунин афрод тамоми чораҳоро роҳандозӣ намоянд, ҳам вале мутаассифона ҳанӯз ҳам ҳастанд берхе нафароне ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида гироифта, ба дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ, роҳ медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолат идораи намудани воситаи нақлиёт ба ҷони худи ронанда ва иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ дар пай дорад. 
         Чи тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 6 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Инҳо:

Бобохонов Аюбҷон Раҳмонқулович – ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ 2199, рақами қайди давлатиаш 5597 DD 07

Фатҳуллоев Шерзод Асрорович – ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай, рақами қайди давлатиаш 8001 ТТ 05

Ашуров Ҳокимҷон Раҳмонович – ронандаи автомашинаи тамғаи ДЕУ- Леганзе, рақами қайди давлатиаш 4349 НН 01

Сабзаев Манучеҳр Бобоҷонович – ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота- Кемри, рақами қайди давлатиаш 0009 DD 08

Икромов Холмурод Ҷураевич – ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ, рақами қайди давлатиаш 2683 СС 03

Ниёзов Суҳроб Абдусаторович – ронандаи автомашинаи тамғаи Нисан-Максима, рақами қайди давлатиаш 6054 РР 01

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin