• Home »
  • ХАБАР »
  • Дуруғи навбатӣ – 2: Вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ «облава» нест!
Дуруғи навбатӣ – 2: Вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ «облава» нест!

Дуруғи навбатӣ – 2: Вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ «облава» нест!

  Нимаи дуюми рӯзи 23 апрел дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва як қатор сомонаҳои иттилоотӣ хабари санҷиданашудае бо номи «Видеои “облава”-и нав дар маркази Душанбе» нашр гардида, муаллифи навор зикр намудааст, ки гӯё тақрибан соати 14:30 дар назди маркази савдои «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе шоҳиди боз як ҳодисаи «облава» гардидааст. Гарчанде аз асли ҳодиса хабардор нашудааст, ҳодисаи мазкурро тариқи телефон ба навор гирифта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун ҳодисаи «облава» паҳн намудааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе расман иттилоъ медиҳад, ки санҷиши гузаронидашуда дар доираи масъалаи мазкур муайян намуд, ки ҳодисаи мазкур ба «облава» рабт надошта, вайроннамоии тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби ду нафар ҷавонон дар ҳудуди пойтахт мебошад.
  Зимни таҳқиқи ҳодиса муайян карда шуд, ки санаи 23 апрел дар назди Боғи афсона, воқеъ дар кӯчаи Спартак шаҳрванд Наврузов Ифтихор Нурмаҳмадович соли таваллудаш 12.02.2001 бо шаҳрванд Ҳусейни Маҳмадризо 13.03.2001 ҷанҷол намуда, якдигарро дашномҳои қабеҳ карда, шаъну шарафи ҳамдигарро дар назди дигар аъзоёни ҷомеа паст зада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд, ки дар ин ҳолат аз ҷониби нозирони минтақавии милитсия дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.
  Сипас нисбати дастрасшудагон тибқи муқаррароти моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ намудан ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ирсол карда шуд.
  Санаи 25 апрели соли ҷорӣ бошад бо Қарори Суди ноҳияи И.Сомонӣ нисбати майдаавбошон ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (385 сомонӣ) таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin