• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти ноболиғон бо ҷурми расонидани зиён ба амвол дар ҷойҳои ҷамъиятӣ
Боздошти ноболиғон бо ҷурми расонидани зиён ба амвол дар ҷойҳои ҷамъиятӣ

Боздошти ноболиғон бо ҷурми расонидани зиён ба амвол дар ҷойҳои ҷамъиятӣ

  Ба мақомоти корҳои дохилӣ мактуби Корхонаи Воҳиди “Қитъаи таъмини барқ” ворид гардид, ки санаи 29-уми августи соли 2018, шахсони номаълум ҳангоми дар пули “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт қарор доштанашон 23-адад прожекторҳои равшанидиҳанда ва 2-адад чароғакҳоро шикаста, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки бо ин кирдорашон ба корхонаи мазкур ҷамъ ба маблағи 20 ҳазору 750-сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд. 

  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 10 нафар ноболиғони аз 11 то 15-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва Ваҳдат бо гумони расонидани зиён ба амвол дар ҷойҳои ҷамъиятӣ (вандализм) дастгир карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin