• Home »
  • ХАБАР »
  • Қасдан расонидани зарари вазнин бо олоти халандаю бурранда
Қасдан расонидани зарари вазнин бо олоти халандаю бурранда

Қасдан расонидани зарари вазнин бо олоти халандаю бурранда

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино ҷавони 23-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

  Номбурда, 2-юми августи соли 2018, тахминан соати 10:00-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Обшорони шаҳри Душанбе қарор доштанаш, бо марди 34-солаи сокини кӯчаи Мушфиқии пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, бо олоти буррандаву халанда ба қафаси сина ва дасти рости охирин зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
  Дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
  Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin