Боздошти ронандаи фирорӣ барои пахш намудани модару кӯдак
23-уми июли соли 2018, тахминан соати 21:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғааш номаълум, ҳангоми ҳаракат ба кӯчаи С.Шерозӣ аз тарафи кӯчаи Н.Қарабоев ба самти кӯчаи А.Синои шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии 33, кӯчаи С.Шерозӣ аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада, пиёдагардон, Ваҳҳобова Сайёра Насриддиновна, соли таваллудаш 1982 ва духтари хурдсолаш Қодирова Марям Эркиновна, соли таваллудаш 2013, сокинони кӯчаи Синои пойтахтро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа пиёдагардони мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз тарафи шаҳрвандон ба беморхона дастрас гардида, бистарӣ карда мешаванд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҳимов Шаҳобиддин Абдушукурович, соли таваллудаш 1995, сокини кӯчаи Фирдавсии пойтахт, бо гумони содир кардани садамаи мазкур дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.