Беэътиноии ронанда ва ҳалокати пиёдагарди хурдсол дар роҳ
Санаи 21-уми майи соли 2018, тахминан соати 11:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Саната”, рақами қайди давлатияш 2422ВК01, Музаффаров Муъмин Маҳмадҷонович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди кӯчаи Шамсии пойтахт, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Давлатов Билол Фирдавсович, соли таваллудаш 2008, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.