Ҳалокати ҷавонзани 38-сола бо писари 12-солааш дар садамаи нақлиётӣ

Ҳалокати ҷавонзани 38-сола бо писари 12-солааш дар садамаи нақлиётӣ

  15-уми апрели соли 2018, тахминан соати 12:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2109”, Файзиев Файзулло Бозорович, соли таваллудаш 1991, сокини кӯчаи Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Ҳувайдуллоев ба самти кӯчаи Ҷ.Расулов, дар назди бинои истиқоматии кӯчаи А.Ғуломов қоидаҳои ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронанда, Самиев Зоҳидҷон Қурбонович, соли таваллудаш 1969, сокини кӯчаи А.Ғуломов, бархӯрдааст.


  Баъдан, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2109” Файзиев Ф.Б. ба самти муқобили роҳи пиёдагардон баромада, пиёдагардон, Ёқубова Мавҷуда Шарифовна, соли таваллудаш 1980, сокини кӯчаи А.Ғуломов ва писари ноболиғаш, Бобомуродов Аминҷон Холмуродович, соли таваллудаш 2006, хонандаи синфи 6-уми Гимназияи №2-и шаҳри Душанберо пахш намудааст.
  Мутаассифона, дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш Ёқубова М.Ш. ва писари ноболиғаш Бобомуродов А.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
  Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin