Риоя накардани суръати ҳаракат боиси ҳалокати ронандаи 22 сола гардид

Риоя накардани суръати ҳаракат боиси ҳалокати ронандаи 22 сола гардид

  Санаи 20-уми апрели соли 2018, тахминан соати 15:30-дақиқа ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи Мерседес, рақами қайди транзитияш ХЕ309, Аминов Бахтовар Баҳриддинович соли таваллудаш 1996 сокини деҳаи Қалъачаи-Калони шаҳри Истаравшан, бе ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ҳ. Шерозӣ ба самти кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе аз сабаби баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба қафои автомашинаи боркаши тамғаи «Дулан», ки дар канори роҳ меистод бармехурад.


  Дар натиҷаи ин садамаи нохӯши нақлиётӣ ронандаи автомашинаи мазкур, шаҳрванд Аминов Баҳтовари 22 сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
  Зимни санҷиши ҳодиса тафтишот муайян намуд, ки номбурда ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Душанбе ҳамчунин дар ноҳияи Варзоб автомашинаи дигарро зада, ба самти пойтахт фирор намудааст, ки дар натиҷа чунин ҳодисаи фоҷиабор рух додааст.

 

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin