• Home »
  • ХАБАР »
  • Раиси шаҳри Душанбе ғолибони озмуни «Беҳтарин нозири минтақавӣ»-ро қадршиносӣ намуд
Раиси шаҳри Душанбе ғолибони озмуни «Беҳтарин нозири минтақавӣ»-ро қадршиносӣ намуд

Раиси шаҳри Душанбе ғолибони озмуни «Беҳтарин нозири минтақавӣ»-ро қадршиносӣ намуд

  Бо мақсади баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ, тақвияти мубориза бо ҷинояткорӣ ва робита бо ҷомеа ҳамасола дар арафаи таҷлили «Рӯзи пойтахт», ки санаи 21-уми апрел ҷашн гирифта мешавад, дар қатори дигар озмунҳо, озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» аз ҷониби комиссияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад.
  Роҳандозӣ гардидани озмуни мазкур ҷиҳати таъмини иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №1291 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» рӯи даст гирифта шуда, баҳри рӯҳбаландӣ ва боло бурдани обруву мақоми нозирони минтақавии милитсия дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам месозад.
  Баҳри шарафёб шудан ба унвони «Беҳтарин нозири минтақавии сол», нозирони минтақавии милитсияро мебояд дорои малакаи баланди касбӣ буда, дар давоми сол ба натиҷаҳои баланди фаъолияти хизматӣ ноил гардида бошад. Шарти аз ҳама муҳим он аст, ки дар минтақаи хизматии нозири минтақавӣ дар давоми сол ягон ҷиноят ноошкор намонда, нозири минтақавиро сокинони минтақаи хизматияш хуб шиносанд.
  Бо дар назардошти ин ва дигар талаботу шартҳо 18 нафар нозирони минтақавии милитсияи шаҳри Душанбе барои дарёфт ва ғолиб омадан дар озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» пешниҳод гардида буданд. Дар натиҷа аз ҷониби Комиссияи таъсисдодашудаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолияти хизматии нозирони минтақавии милитсияи пойтахт мавриди омӯзиш қарор дода шуда, сипас се нафар ғолибони озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» муайян карда шуд.


Аз ҷумла:
– ҷойи якум ба подполковники милитсия Калонзода Алиҷон Гадо, сардори минтақаи хизматии маъмурии №6 Шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ. Маблағи ҷоиза 15 000 сомонӣ;
– ҷойи дуюм ба подполковники милитсия Қурбонов Мустафо Саъдуллоевич, нозири минтақаи хизматии маъмурии №12 Шуъбаи 2-и ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ. Маблағи ҷоиза 12 000 сомонӣ;
– ҷои сеюм ба майори милитсия Одинаев Амирхон Амрохонович, сардори минтақаи хизматии маъмурии №1 Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ. Маблағи ҷоиза 10 000 сомонӣ;


  Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 19 апрели соли 2018 «Дар бораи ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол»» ба ғолибони озмун дар умум 37 000 сомонӣ мукофотпулӣ муқарррар гардида аст.
  Санаи 21 апрел, ки бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуда, иштирокчиёни ҷамъомад ва дар симои онҳо тамоми сокинони пойтахтро ба муносибати Рӯзи пойтахт табрику шодбош гуфт.


  Дар қисмати дигари чорабинии тантанавӣ аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳар як ғолиби озмунҳои шаҳрӣ, аз ҷумла ғолибони озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» Шаҳодатномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сабти ному насаб, соли озмун ва навиштаҷоти «Беҳтарин нозири минтақавии сол» бахшида ба «Рузи пойтахт» ба таври тантанавӣ супорида шуд.
  Мавриди зикр аст, ки чунин иқдом барои беҳтар намудани сатҳу сифати фаъолияти нозирони минтақавии милитсия таъсир гузошта, бо баланд гардидани обрӯву эътибори он дар ҷомеа мусоидат мекунад.

Сироҷиддин Шукуров

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin