• Home »
  • ХАБАР »
  • Пешгирии муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо
Пешгирии муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо

Пешгирии муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо

  Зимни пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-сола шаҳрванд Ғ.С., сокини шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунии металлҳои қимматбаҳо дастгир карда шуд.
  Ҳангоми азназаргузаронии дукони аксбарории номбурда 13-адад сангҳои қимматбаҳо дарёфту мусодира карда шуд, ки мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сангҳои дарёфтгардида, санги табии ёқут (рубин) мебошанд.
  Айни замон нисбати гумонбаршуда бо моддаи 284 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin