Ошкорнамоии 3500 қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Душанбе
Баҳри таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзимдаровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркаш доир менамоянд.
Ҳаминтавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ҳафтаи сипаришуда, яъне аз санаи 10 то 16 апрели соли ҷорӣ, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 3500 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз ҷумла:
-Идоранамудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 5 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 16 адад;
-Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 4 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 135 адад;
-Истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 115 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 13 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оиди манъ кардани воситаи нақлиёт – 19 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 84 адад;
-Худсарона баромадан аз хати сайр – 49 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 65 адад;
-Вазъияти хавфнок – 17 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 174 адад;
-Ҳаракати гуруҳӣ – 7 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон –802 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1 990 адад;
-Ба ҷармагоҳ дастрас карда шуд – 30 адад;
Мавриди зикр аст, ки дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт дағалтарин қоидавайронкунӣ ба ҳисоб рафта, бар замми он ки ҷавобгарӣ дар ин самт вазнинтар гардида бошад ҳам вале боз нафароне ҳастанд, ки муқаррароти қонуни мазкурро нодида гирифта, сархӯш пушти чанбарак мешинанд, ки ин ҳолат ба ҷони худи ронанда ва иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ дар пай дорад.
Чи тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 5 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Инҳо:
Холов Холмурод Сафаралиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 0999ВА 07,
Маҳмадшарифов Умедҷон Маҳмадзарифович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 9386СР01,
Алиев Қудратулло Абдусаломович – ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай, рақами қайди давлатиаш 5771ТТ05,
Батиров Музаффар Муратович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Зефира, рақами қайди давлатиаш 1597СР01,
Салимов Сайруддин Саидҷаъфарович – ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз-21099, рақами қайди давлатиаш 3469ВЕ07,