Ҷиноят бар ивази амали нек

Ҷиноят бар ивази амали нек

  Ба кормандони милитсия як нафар марди 57-солаи сокини шаҳри Душанбе бо аризаи шикоятӣ дар он хусус муроҷиат намуд, ки нисбати ду нафар шаҳрвандон: марди 37-сола ва зани 39-солаи сокинони шаҳри Душанбе чораҳои қонунӣ андешида шавад, чунки онҳо манзили истиқоматии номбурдаро воқеъ дар кӯчаи А. Навоии шаҳри Душанбе ба иҷора гирифта, аз он ҷо 1-адад телевизиори палазмавӣ арзишаш 1300-сомонӣ ва 2-адад таҷҳизоти гармидиҳанда арзишашон 1200-сомониро тасарруф намудаанд, ки ба ҷабрдида ба маблағи 2500-сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд.
  Ҳангоми баррасӣ ва омӯзиши муроҷиати шаҳрванд кормандони милитсия марди 37-сола ва зани 39-солаи сокинони шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир намуданд.
  Айни замон нисбати гумонбарон бо моддаи 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin