Ҷаримабандии ронандагон баъди ирсоли расми қоидавайронкуниҳо аз ҷониби шаҳрвандон
Чи тавре расман иттилоъ дода будем, ҳар як ҳолат ва далели ҳуқуқвайронкуниҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз ҷониби ронандагон дағалона вайрон карда шуда, расм ва ё навори қоидавайронкунӣ аз ҷониби сокинон ва атрофиён ба мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад, дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Зеро адолати иҷтимоӣ ин аз риояи ҳатмӣ ва бечунучарои талаботҳои қонунҳои амалкунанда бармеояд.
Аз ин рӯ, мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки ҳамарӯза тариқи суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе rvkddushanbe@mail.ru ва саҳифаи расмии интернетии Раёсат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук кирдорҳои зиддиҳуқуқии ронандагон аз ҷониби атрофиён ба навор гирифта шуда, ҳамчун далели ҳуқуқвайронкунӣ барои чораҷӯӣ ба мақомоти милитсия ирсол карда мешаванд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеа ронандагоне ҳастанд, ки хилофи талаботҳои қонунгузорӣ амал мекунанд ва риояи ҳатмии муқаррароти қонунгузорӣ барои онҳо арзише надорад.
Давоми ҳафта нисбати муроҷиатҳое, ки ба унвони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ворид гардид, тадбирҳои мушаххас андешида шуда, чунин ронандагоне, ки зимни ҳаракати воситаи нақлиёт нисбати қонун беэҳтиромӣ зоҳир намуда буданд, чораҳои маъмурӣ татбиқ карда шуд.
Дар ин замина бо супориши хаттии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон кормандони Шуъбаи БДА дар шаҳри Душанбе дар асоси далелҳои дастрасгардида, соҳибони воситаҳои нақлиёти дар расмҳо инъикосгардидаро, ки барои рияои талаботи қонугузорӣ рафтори хунукназарона мекунанд ва аксари онҳоро воситаҳои нақлиёти гаронарзиш ташкил медиҳад, барои ҳуҷҷатгузорӣ намудани кирдори содирнамудаашон ба Шуъбаи БДА дастрас намуданд.
Дар натиҷа нисбати 6 нафар ронандагон барои содир намудани 7 ҳолати кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ маводҳои маъмурӣ ба расмият дароварда шуда, ронанадагон барои ба таври такрорӣ содир накардани чунин кирдорашон баёнот додаанд.
Дар натиҷа нисбати шаҳрвандон:
Шарипов Умед Муродалиевич ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота Прадо, аломати қайди давлатиаш 6000ЕМ01 барои риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, нишонаҳои қисми роҳ ва дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Мирзоев Беҳруз Валиевич ронандаи автомашинаи тамғаи Ренҷ-Ровер, аломати қайди давлатиаш 6828ЕА01 барои риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, нишонаҳои қисми роҳ ва дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Шарипов Хуршед Ҳалимович ронандаи автомашинаи тамғаи Шевролет, аломати қайди давлатиаш 2200РР01 барои риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, нишонаҳои қисми роҳ ва дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Оев Фируз Баротович ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, аломати қайди давлатиаш 0140ЕЕ01 барои риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, нишонаҳои қисми роҳ ва дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Боймуродов Комрон Комилҷонович ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ 21010, аломати қайди давлатиаш 0049СВ01 барои ду қоидавайронкунӣ аз ҷумла, риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, нишонаҳои қисми роҳ ва дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Азизов Фарҳод Нигматовч ронандаи мусофиркаши хатсайри №8, аломати қайди давлатиаш 4484ТТ05 барои итоат накардани ронандаи воситаи нақлиёт ба чароғаки роҳнамо бо моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Дар навбати худ роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба шаҳрвандоне, ки дар пешгирии ин гуна амалҳои зиддиҳуқуқӣ бетараф набуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия ҷиҳати баланд бардоштан маърифати ҳуқуқии ронандагон муосидат менамоянд, миннатдории хешро баён менамояд.
Зеро дар ҳамбастагӣ бо шаҳрвандон мо метавонем, пеши роҳи чунин зуҳуротро гирифта, барои ба яке аз пойтахтҳои намунавии кишварҳои минтақа табдил додани шаҳри Душанбе муваффақ шавем.
Суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Почтаи электронӣ: rvkddushanbe@mail.ru,
Саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе”
Телефони боварии Раёсат: (+99237) 221-15-00