Ҳалокати ҷавонзани 38 сола бар асари садамаи нақлиётӣ

Ҳалокати ҷавонзани 38 сола бар асари садамаи нақлиётӣ

  Санаи 6-уми марти соли 2018, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Камаз 53512», аломати қайди давлатиаш 6165АТ03 шаҳрванд Сайкомилов Сафаралӣ Исломович соли таваллудаш 01.01.1981 сокини деҳаи Навободи ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Айнӣ аз самти кӯчаи Зебунисо ба самти кӯчаи Мирзобеки шаҳри Душанбе пиёдагард Солиева Олуфта Файзуллоевна соли таваллудаш 01.09.1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо зада аз по меафтонад.


  Дар натиҷа пиёдагард ҷавонзани 38 сола аз зарби автомашинаи тамғаи Камаз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми дастрас намудан ба Беморхонаи Ёрии таъҷилӣ дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат мерасад.
  Оиди ин ҳодиса маводҳои аввалиндараҷа тартиб дода шуда, ронанда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin