Қаллобӣ бо ваъдаи дохил намудан ба донишгоҳ
Ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ як нафар марди 51-солаи сокини ноҳияи Варзоб бо аризаи шикоятӣ дар он хусус муроҷиат намуд, ки моҳи майи соли 2017 марди 44-солаи сокини ноҳияи Рудакӣ ба боварияш даромада, бо ваъдаи он ки фарзандашро ба Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мекунад, маблағи пулӣ ба миқдори 4 200$ доллари амрикоиро гирифта, то ҳол фиреб карда маблағи пулии номбурдаро барнагардонидааст.
Зимни омӯзиш ва баррасии шикиояти ҷабрдида кормандони милитсия марди 44-солаи сокини ноҳияи Рудакиро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.
Айни замон тафтиши қазияи мазкур идома дорад.