Муноқишаи собиқ зану шавҳар дар кӯча

Муноқишаи собиқ зану шавҳар дар кӯча

  Кормандони мақомоти милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як нафар марди 34-солаи сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғдро дар кӯчаи Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир намуданд.
  Бо бурдани корҳои фаврӣ-тафтишотӣ муайян карда шуд, ки гумонбаршаванда тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бо собиқ ҳамсари худ зани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе муноқиша намуда ӯро зери лату куб қарор медиҳад. Бо ин қаноат накарда ба воситаи қайчӣ низ зарба зада, ба саломатияш ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
  Айни замон гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта нисбаташ бо моддаи 237 (Авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin