Боздошти 7 ронандаи маст дар вақти шабона
Кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар самти таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркаш доир менамоянд.
Ҳаминтавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми санаҳои 19 то 25 марти соли ҷорӣ, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 2986 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз ҷумла:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 7 адад;
-Идора намудани воситаи нақлиёт бе иҷозати сиёҳшиша – 2 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 5 адад;
-Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 2 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 124 адад;
-Истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 83 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 16 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оиди манъ кардани воситаи нақлиёт – 12 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 53 адад;
-Муқобили самт ҳаракат намудан ҳангоми танбашавӣ – 42 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 38 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 153 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 728 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1 814 адад;
Чи тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 7 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Инҳо:
Тсаву Чанг Ошсин – шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой, ронандаи автомашинаи тамғаи Ренҷ-Ровер, рақами қайди давлатиаш 7774ЕМ01,
Ҳайдаров Иброҳим Собирович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 8236РР01,
Мирзоев Парвиз Исматович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 3273DD01,
Ҳафизов Бурҳон Раҳмонович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел Астра, рақами қайди давлатиаш 8620ЕА01,
Одинаев Парвиз Мадиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес Бенс, рақами қайди давлатиаш 7171ВС01,
Сабуров Самирҷон Иззатулоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ М5, рақами қайди давлатиаш 7094DO01,
Наҷмиддинов Шаҳбоз Ятимович – ронандаи автомошинаи тамғаи БМВ 520, рақами қайди давлатиаш 1997НА01,