• Home »
  • ХАБАР »
  • Авбошии ду гурӯҳ ҷавонон пешгирӣ ва силоҳҳо мусодира шуданд
Авбошии ду гурӯҳ ҷавонон пешгирӣ ва силоҳҳо мусодира шуданд

Авбошии ду гурӯҳ ҷавонон пешгирӣ ва силоҳҳо мусодира шуданд

  Авбошӣ аз котегорияи ҷиноятҳое ба ҳисоб меравад, ки ба ҷамъият хавфнок буда, боиси таҳдиди ҷиддӣ ба ҳаёт ва саломатии иштирокчиён ва атрофиёни ин кирдори зиддиҳуқуқӣ мебошад. Тибқи таҳлилҳои тафтишотӣ маърифати пасти ҳуқуқӣ, надоштани маърифату одоб ва ҳамдигарфаҳмӣ, андешаи носолими қасосгирӣ, ба таври бо нуфузи баланди гурӯҳӣ ҳал намудани масъалаҳои пешомада ва хунукназарӣ намудан нисбат ба иҷрои ҳатмӣ ва бечунучарои муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сабабгори асосии содиршавии ҷиноятҳои авбошии гурӯҳӣ мешаванд.
  Дар ҳодисае, ки тафсилот дода мешавад, сатҳи пасти маърифатнокии ҷавонон боис гардидааст, ки аз ҳиссиёти авбошӣ бо мақсади қасосгирӣ бо корду табар, мехкашаку болға ва чӯбдасти оҳанин мусаллаҳ гардида, байни ҳам муноқишаи гурӯҳӣ кунанд ё ин, ки ба амалу кирдори зидиҳуқуқӣ даст зада, тартиботи ҷамъиятиро халалдор созанд. Вале, хушбахтона коркардҳои оперативии мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе имкон надод, ки ҷиноятҳои вазнин дар ҳудуди пойтахт содир шаванд. Зеро Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, бахусус ҷиноятҳое, ки боиси изтироби ҷомеа мегарданд, ба таври доимӣ чораҳои мушаххаси амалӣ андешида истодааст.
  Чунончӣ, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ хабари оперативӣ ба даст оварда шуд, ки бегоҳии рӯзи 26 марти соли 2018 дар қафои Маҷмааи тиҷорат ва савдои “Саодат”, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ байни ду гурӯҳи ҷавонон муноқиша ва задухӯрд бо истифода аз силоҳҳои сард пешбинӣ шудааст, ки эҳтимолияти ҷиноятҳои куштор ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ҷой доранд.


  Бо хабари мазкур кормандони ботаҷрибаи самти оперативӣ сафарбар карда шуда, тахминан соатҳои 18.00 дақиқаи ҳамон рӯз дар мавзеъи муайяншуда, аз таваққуфгоҳи автомашинаҳо 4 нафар ҷавонони бо корд мусаллаҳ, ки бо автомашинаи тамғаи Ниссан-Максима аломати қайди давлатиаш 2441ЕЕ01 омада буданд, дастгир гардида, ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд. Аз ҷумла инҳо:

1.Раҷабов Абумуслим Мансурович соли таваллудаш 23.12.1994 сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳ.Ҳакимзода, хонаи 68, муваққатан бекор, пеш суд нашудааст, соҳибмулки автомашинаи тамғаи болозикргардидаи Ниссан-Максима;

2. Мирзоев Дилшод Маҳмадҷонович соли таваллудаш 14.08.1989, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Тунис, бинои 9, хонаи 35, пеш суд нашудааст, бо тахаллуси “Адам”;

3.Раҳимов Фурқат Муродалиевич соли таваллудаш 15.03.1994, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Заргар, хонаи 61, донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, пеш суд нашудааст;

4.Беҳрӯзи Фатоҳ соли таваллудаш 10.02.1992, сокини ноҳияи Варзоб, деҳаи Чорбоғ, муваққатан бекор.

  Аз ҷавонони ба мақомоти милитсияи дастрасгардида 4 адад кордҳои калон, ки бо мақсади ҷиноятсодиркунӣ оварда буданд, мусодира карда шуд.


  Дар идомаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустҷӯӣ кормандони милитсияи шаҳри Душанбе тахминан соатҳои 22.30 дақиқаи ҳамон рӯз дар кӯчаи Шамсӣ (маконе, ки тибқи маълумоти оперативӣ бояд 2 гурӯҳ ҷавонони мусаллаҳ ҷамъ шуда, муноқиша менамуданд) гурӯҳи дигари ҷавонон иборат аз 4 нафар бо силоҳҳои сард мусаллаҳ, ки бо автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” рақами давлатиаш 6767AD01 омада буданд, дастгир гардида, ин гуруҳи ҷавонони мусаллаҳ низ ба мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд. Инҳо:

1.Шарипов Муҳаммад Бахтиёрович соли таваллудаш 24.01.1994, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Донишҷӯ, хонаи 52, муваққатан бекор, соҳибмулки автомашинаи зикргардидаи тамғаи “Мерседес-Бенс”;

2.Саидов Ҷаҳонгир Абдухолиқович соли таваллудаш 19.02.1995, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Додихудоев, бинои 3, ҳуҷраи 11, муваққатан бекор, пеш суд нашудааст;

3.Шарипов Далер Ҳабибуллоевич соли таваллудаш 19.03.1999, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Додихудоев, бинои 19, ҳуҷраи 2, муваққатан бекор, пеш суд нашудааст;

4.Ҳасанов Хайём Амонуллоевич соли таваллудаш 09.08.1993, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Додихудоев, бинои 20, ҳуҷраи 2, муваққатан бекор, пеш суд нашудааст;

  Аз ин гурӯҳ низ 2 адад табар, 1 мехкашак, 2 корд, 1 болға ва 1 адад чубдасти оҳанин, ки ба сифати олоти содирнамоии ҷиноят пешниҳодшуда дарёфт ва мусодира карда шуд.


  Айни замон нисбати 8 нафар ҷавонони дастрасшуда бо Қарори Суд ҳабси маъмурӣ татбиқ гардида, барои ошкор намудани дигар кирдорҳои ҷиноятии ин гурӯҳҳои ҷавонони гумроҳ гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.


  Аз ин рӯ, Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки агар аз ҷониби шаҳрвандони болозиркгардида ҳуқуқу манифатҳояшон поймол гардида бошад, метавонанд ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе маълумот диҳанд.

Суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Почтаи электронӣ: rvkddushanbe@mail.ru,
Телефони боварии Раёсат: (+99237) 221-15-00
(+99237) 221-15-42

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin