Ҷаримабандии 11 ронанда баъди шикояти корбарони Фейсбук
Роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе миннатдории самимии хешро ба кулли шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои интернетӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо мақомоти милитсия дар пешгирӣ ва бартараф намудани қонушиканиҳо ва дигар падидаҳои халадоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ саҳм мегузоранд, баён менамояд.
Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе расман иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати баррасии кирдори зиддиҳуқуқии ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки аз ҷониби корбарони шабакаҳои интернетӣ тавассути суроғаи электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе rvkddushanbe@mail.ru ва саҳифаи расмии интернетии Раёсат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук барои баррасӣ ва чораҷуӣ ирсол гардида буданд, тадбирҳои мушаххас андешида шудааст.
Бо супориши хаттии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон Шуъбаи БДА уҳдадор гардида буд, ки маводи инъикоснамудаи корбарони фаъоли саҳифаҳои иҷтимоии Фейсбукро мавриди баррасии ҳамаҷониба ва холисона қарор дода, нисбати кирдори ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки талаботҳои ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, симои дохилӣ ва ҳаракати бонизоми нақлиётиро дар ҳудуди шаҳри Душанбе коста мегардонанд баҳои ҳуқуқӣ дода шуда, дар асоси муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Сипас, кормандони Шуъбаи БДА дар шаҳри Душанбе дар асоси далелҳои дастрасгардида, соҳибони воситаҳои нақлиёти дар расмҳо инъикосгардидаро, ки барои рияои талаботи қонугузорӣ рафтори хунукназарона мекунанд ва аксари онҳоро воситаҳои нақлиёти гаронарзиш ташкил медиҳад, барои ҳуҷҷатгузорӣ намудани кирдори содирнамудаашон ба Шуъбаи БДА дастрас намуданд.
Дар натиҷа нисбати 11 нафар ронандагон маводҳои маъмурӣ ба расмият дароварда шуда, ронанадагон барои ба таври такрорӣ содир накардани чунин кирдори зиддиҳуқуқиашон баёнот додаанд.
Дар натиҷа нисбати шаҳрвандон:
Каримов Дилшод Шомуродович ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Прадо, аломати қайди давлатиаш 161ХР01 барои ҳаракат тавассути пайроҳаҳо ва вайрон кардани қоидаи бозистӣ бо моддаи 318 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Каримов Абдураҳим Абдураҳмонович ронандаи автомашинаи тамғаи Ренҷ-Ровер, аломати қайди давлатиаш 4000СЕ01 барои ба муқобили самти ҳаракат баромадан бо моддаи 318 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Неъматов Ҷумахон Рустамович ронандаи автомашинаи тамғаи Ренҷ-Ровер, аломати қайди транзитиаш В2921Н01, рақами давлатиаш 8100ЕА01 барои ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ бо моддаи 326 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сафарзода Фазлиддин ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ-6501, аломати қайди давлатиаш 0007ВD01 барои ба самти муқобили ҳаракат баромадан бо моддаи 325 қисми 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Абдуллоев Шаҳбоз Раҳматуллоевич ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота Кемри, аломати қайди давлатиаш 9815СВ01 барои ҳаракат тавассути пайроҳаҳо бо моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ёров Фарҳод Пулатович ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, аломати қайди давлатиаш 7820ВХ01 барои итоат накардан ба чароғаки роҳнамо бо моддаи 318 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Оқилов Исмоил Саидакрамович ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, аломати қайди давлатиаш 2233ВХ01 барои вайрон намудани қоидаи бозистодан бо моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Улуғбеки Шомурат ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, аломати қайди давлатиаш 0003ХА01 барои итоат накардан ба чароғаки роҳнамо бо моддаи 318 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ҷиёнхон Шомирхонзода ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, аломати қайди давлатиаш 7420ВН01 барои итоат накардан ба чароғаки роҳнамо бо моддаи 318 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Илова бар ин, Шуъбаи БДА иттилоъ медиҳад, ки нисбати 2 нафар ронандагони воситаи нақлиёти тамғаҳои Киа-Кворис аломати қайди давлатиаш 6699ВК01 Раҳимов Тоҷиддин Сайдалиеич барои ба муқобили самти ҳаракат баромадан бо моддаи 325 қисми 4 ва Хундай-Старекс аломати қайди давлатиаш 7676ТТ01 Бегматов Ҷамолиддин барои вайрон намудани қоидаи сабқат ва манёвркунӣ бо моддаи 325 қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаи содирнамоии қоидавайронкунӣ аз ҷониби нозирони роҳ боздошт ва нисбаташон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.