Ҳалокати зани 46-сола бар асари садамаи нақлиётӣ
Санаи 4-уми феврали соли 2018 тахминан соати 01:05-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Ландкрузер”, Салихов Бахтовар Файзуллоевич соли таваллудаш 1995, сокини кӯчаи Муҳаммади шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Дӯстии Халқҳо ба самти кӯчаи Зебуниссои пойтахт, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №70/1-и кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, роҳрӯби Муассисаи нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Каримова Савринисо Маҳмадалиевна соли таваллудаш 1972 сокини кӯчаи Қаротегини пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа роҳрӯб Савринисо Каримоваи 46 сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.
Оиди ҳодисаи мазкур аз ҷониби Шуъбачаи тафтишотӣ оид ба тафтиши садамаҳои нақлиётии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе маводҳои авввалиндараҷа тартиб дода шуда, тафтишоти қазия идома дорад.