Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон”

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, №7, мод. 454; соли 2007, №7, мод. 658; соли 2008, №1қисми 1, мод. 2)

Маҷлиси намояндагон 30-юми июни соли 2004 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ 8-уми июли соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии системаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва вазъи ҳуқуқии ҷабрдидагони хариду фурӯши одамонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

БОБИ 1

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

а) хариду фурӯши одамон – бо мақсади суиистифода ҷалбкунӣ, интиқол, супоридан, пинҳонкунӣ ё гирифтани одамон бо роҳи таҳдиди зурӣ ё истифодаи он ё дигар шаклҳои маҷбурсозӣ, дуздӣ, қаллобӣ, фиреб, суиистифодаи мансаб ё ҳолати заифӣ ё бо роҳи ришва додан дар шакли пардохт ё фоида барои гирифтани розигии шахсе, ки дигар шахсро назорат мекунад. Суиистифода, ҳадди ақал аз суиистифодаи фоҳишагарии дигар шахсон ё дигар шакли суиистифодаи шаҳвоният, кор ё хизматрасонии маҷбурӣ, ғуломӣ ё расму одатҳои ба ғуломӣ ҳамшабеҳ, ҳолати ноилоҷӣ ё гирифтани узв ва (ё) бофта иборат мебошад; (ҚҶТ аз 5.01.08 №338)

б) одамҷаллоб – шахси воқеӣ ё ҳуқуқиест, ки мустақилона ё бо гурӯҳи шахсон амалиётеро, ки бо хариду фурӯши одамон алоқаманд аст анҷом медиҳад, инчунин шахси мансабдоре, ки бо амалиёти худ ба хариду фурӯши одамон мусоидат мекунад ва ҳамчунон ба он монеъ намешавад ва ё муқовимат намекунад, гарчанде вазифадор аст ин корро мувофиқи ваколатҳои хизматии худ иҷро намояд;

в) ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон – шахсе, ки аз хариду фурӯши одамон зарар дидааст, сарфи назар аз он ки розигии ин шахс барои ҳамлу нақл, супурдан, фурӯхтан ё дигар амалиёте, ки бо хариду фурӯши одамон алоқаманданд, мавҷуд буд ё не;

г) ҷалбкунӣ – киро кардан, қабул намудан барои ягон кор, моил сохтан ба ягон фаъолият, аз он ҷумла ба фаъолияти ғайриқонунӣ, ҳамроҳ намудан ба ҳайати ягон ташкилот, аз ҷумла ташкилоте, ки фаъолияташро қонун манъ кардааст;

д) истисмор – меҳнати ё хизмати маҷбурӣ, ғуломӣ ё расму оини ба ғуломӣ монанд, ҳолати оҷизӣ ё бурида гирифтани узвҳо ва (ё) бофтаҳои одам, истифодаи фоҳишагарии дигар шахсон, инчунин дигар шаклҳои истифодабарии шахс бо мақсади анҷом додани амалиёти дорои хусусияти шаҳвонӣ;

е) меҳнати маҷбурӣ – иҷрои ҳама гуна кор ё расонидани хизмат бо роҳи маҷбурӣ;

ё) ғуломӣ – ҳолат ё вазъи беҳуқуқии шахсе, ки нисбат ба вай баъзе ё тамоми салоҳияти ба ҳуқуқи моликият хос буда, татбиқ карда мешавад;

ж) асорати қарзӣ – вазъ ё ҳолате, ки дар натиҷаи он қарздор барои кафолати қарз ба гарав гузоштани меҳнати шахсии худ ё меҳнати шахси ба вай вобаста ба вуҷуд меояд, агар арзиши кори иҷрошаванда барои пӯшонидани қарз ҳисоб карда нашавад, ё агар давомнокии ин кор бо ягон мӯҳлат маҳдуд нагашта бошад, ё агар хусусияти кор бо андозаи музди меҳнат муайян карда нашуда бошад;

з) модари мавридӣ – зане, ки кӯдакро дар натиҷаи истифодаи усули тиббии бордоркунии сунъӣ ё ворид кардани ҷанин (эмбрион) бо мақсади ҳомиладор кардани он, таваллуд кардааст;

и) мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон – фаъолият оид ба огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, ба ҳадди ақал расонидани оқибатҳои хариду фурӯши одамон ва расондани кӯмак ба ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон;

к) ҷиноятҳое, ки бо хариду фурӯши одамон вобастаанд – ҷиноятҳоеанд, ки дар моддаҳои зерини Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд: 122 (Маҷбур кардан барои гирифтани узвҳо ё бофтаҳои бадани инсон барои трансплантатсия), 130 (Одамрабоӣ), 1301 (Хариду фурӯши одамон), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 132 (Ҷалби одамон барои истисмор), 134 (Маҷбуркунӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 139 (Кирдори зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ), 140 (Маҷбур намудан ба ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ), 141 (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст), 142 (Ҳаракати бадахлоқона), 149 (Ғайриқонунӣ маҳдуд кардани тағйири макон, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ кардан ва бозгаштани шаҳрванд ба он), 167 (Хариду фурӯши ноболиғон), 171 (Иваз намудани тифл), 172 (Писархондии (духтархондии) ғайриқонунӣ), 238 (Ба фоҳишагӣ ҷалб намудан), 239 (Ташкил ё нигоҳ доштани фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ), 335 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 336 (Вайрон кардани низоми Сарҳади давлатӣ), 339 (Тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат, штамп, мӯҳр), 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ), 401 (Зархаридӣ).

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур аз инҳо иборат аст:

а) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон;

б) амалӣ намудани ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон;

в) паст намудани хатари ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон гардидани шахсон.

2. Вазифаҳои Қонуни мазкур иборатанд, аз:

а) танзими муносибатҳои ҷамъиятие, ки аз мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон бармеоянд;

б) огоҳонӣ, ошкор ва пешгирии фаъолияти хариду фурӯши одамон ва ба ҳадди ақал расонидани оқибатҳои он;

в) барқарорсозии ҷисмонӣ, психологӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шахсоне, ки аз хариду фурӯши одамон ҷабр дидаанд;

г) муҳофизати шахс, ҷамъият ва давлат аз хариду фурӯши одамон.

Моддаи 4. Принсипҳои асосии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон

Мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:

а) қонуният;

б) ногузирии ҷавобгарии одамҷаллобон;

в) табъиз накардани ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон;

г) таъмини муомилаи бехавф ва одилона бо ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон;

д) дастрас будани адолати судӣ;

е) истифодаи маҷмӯи чораҳои пешгирикунанда, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, тиббӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва иттилоотӣ;

ё) ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ.

Моддаи 5. Таснифи намудҳои хариду фурӯши одамон вобаста ба шакли истисмор

1. Вобаста ба тарзи маҷбуркунии ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон истисмор дар намудҳои зерин зоҳир шуда метавонад:

а) маҷбуркунии ҷисмонӣ бо истифодаи зӯроварӣ ва (ё) бо истифодаи воситаҳои сахттаъсири нашъадор, машрубот, дорувориҳои тиббӣ;

б) маҷбуркунии иқтисодӣ дар шакли асорати қарзӣ ё дигар вобастагии моддӣ, аз он ҷумла ғуломӣ ё шартҳои ба ғуломӣ монанд;

в) маҷбуркунии рӯҳӣ бо роҳи иръоб (шантаж), фиреб, гумроҳкунӣ ё таҳдиди истифодаи зӯрӣ;

г) вобастагии ҳуқуқӣ ба воситаи фарзандхонӣ ё васоят, ё издивоҷ бидуни мақсади барпо кардани оила.

2. Аз рӯи мазмуни фаъолияти ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон истисмор дар намудҳои зерин зоҳир шуда метавонад:

а) истифодаи узвҳои физиологии одам, яъне гирифтан ва шинондани узвҳо ва бофтаҳо, инчунин истифодаи зан ба сифати модари мавридӣ;

б) истисмори меҳнат дар соҳаи маишӣ (дар хона ва хизматрасонии маишӣ), дар соҳаи истеҳсолот , дар корҳои кишоварзӣ, инчунин дар соҳаи тиҷорати ҷиноятӣ (иштирок дар дастаҳои мусаллаҳ, дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти ғайриқонунӣ);

в) истифодаи шахс бо мақсади шаҳвонӣ;

г) истисмори шахс бо мақсади истифодаи он дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ.

3. Розигии ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон нисбат ба шаклҳои истисмор, ҳангоми ба хариду фурӯши одамон мансуб донистани кирдори мушаххас, набояд ба эътибор гирифта шаванд, агар яке аз воситаҳои таъсиррасонии ба хариду фурӯши одамон равонгардида истифода шуда бошад.

БОБИ 2

АСОСҲОИ ТАШКИЛИ МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ ХАРИДУ ФУРӮШИ ОДАМОН

Моддаи 6. Субъектҳое, ки фаъолияти мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамонро амалӣ менамоянд

 

1.Субъектҳое, ки фаъолияти мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамонро дар доираи салоҳияти худ бевосита амалӣ мегардонанд, мақомоти зерин мебошанд:

а) Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он;

б) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои дар хориҷа будаи он;

д) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

е) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ё) Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ж) Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

з) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Субъектҳои дигарро, ки дар огоҳонӣ, ошкор ва пешгирии хариду фурӯши одамон иштирок мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

3. Барои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти субъектҳои мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамонро таъсис медиҳад.

Моддаи 7. Комиссияи байниидоравӣ оиди мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон

1. Тартиби ташкил ва фаъолияти Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон (минбаъд – Комиссияи байниидоравӣ)-ро мувофиқи Қонуни мазкур Низомнома дар бораи Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян менамояд.

2. Комиссияи байниидоравӣ масъалаҳои зеринро ҳал менамояд:

а) асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсияҳои афзун намудани самаранокии фаъолияти вобаста ба ошкор ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳоеро, ки ба пайдошавии хариду фурӯши одамон ва татбиқи фаъолияти хариду фурӯши одамон мусоидат мекунанд, таҳия менамояд;

б) маълумот дар бораи миқёс, вазъ ва тамоюлҳои хариду фурӯши одамонро ҷамъоварӣ, таҳлил, ҷамъбаст ва мубодила менамояд;

в) фаъолияти комиссияҳои минтақавиро ҳамоҳанг месозад, пешниҳодоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро оид ба таъсиси муассисаҳои махсусгардонидашуда баррасӣ менамояд, инчунин ба кори комиссияҳои минтақавӣ ва фаъолияти муассисаҳои махсусгардонидашударо мувофиқи вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда назорат мекунад;

г) дар кори таҳияи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон иштирок мекунад;

д) таклифҳоро дар бораи такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон таҳия менамояд;

е) ҷиҳати воқифсозии аҳолӣ доир ба масъалаҳои хариду фурӯши одамон чорабиниҳо ташкил менамояд;

ё) ҳар сол аз фаъолияти худ оиди мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар ҷумҳурӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад.

Моддаи 8. Салоҳияти субъектҳое, ки фаъолияти мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамонро анҷом медиҳанд

1. Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он назорати аниқ ва иҷрои якхелаи Қонуни мазкурро татбиқ намуда, дар доираи ваколатҳои худ оид ба пешгирии хариду фурӯши одамон чорабиниҳоро анҷом медиҳанд, инчунин дигар вазифаҳоро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, амалӣ менамоянд.

2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳудудии он мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамонро тавассути огоҳонӣ, ошкор ва пешгирии ҷиноятҳое, ки бо хариду фурӯши одамон алоқаманданд, ошкор намудани алоқаи ташкилотҳои террористӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, инчунин ба воситаи огоҳонӣ, ошкор ва пешгирии фаъолияти байналмилалии хариду фурӯши одамонро амалӣ намуда, муҳоҷирати меҳнатиро танзим ва ба муҳоҷирони меҳнатӣ кӯмак мерасонанд.

3.Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳудудии он дар доираи салоҳияти худ мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамонро ба воситаи ошкор намудани алоқаҳои ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо одамҷаллобон, огоҳонӣ, ошкор ва пешгирии кӯшишҳои одамҷаллобон оид ба убур кардани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рафтуомади ғайриқонунии ҷабрдидагони хариду фурӯши одамонро ба воситаи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ менамоянд.

4. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти ошкоркунӣ ва пешгирии кӯшишҳои одамҷаллобонро оид ба убур кардани сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешгирии рафтуомади ғайриқонунии ҷабрдидагони хариду фурӯши одамонро ба воситаи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

5. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расондани ёрӣ ба ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон, таъсис ва таъмини муассисаҳои махсусгардонидашуда пешниҳодҳо таҳия менамояд.

6. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои дар хориҷа будаи он, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон гардидаанд ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, таъмин намуда, бо ин мақсад механизмҳои самараноки ҳамкориро бо намояндагиҳои дипломатӣ дар кишварҳои таъинот ва транзит таҳия менамояд.

7. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои фанҳои гуманитарӣ масъалаҳои ғуломфурӯшии муосир, принсипҳо ва қонунгузориро дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон шарҳу эзоҳ медиҳад.

8. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои ба ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон расондани ёрии тиббӣ ва психологӣ, инчунин бо доруворӣ таъмин кардани муассисаҳои махсусгардонидашударо таҳия намуда, иҷрои онҳоро таъмин мегардонад.

9. Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати фаъолияти оинномавии ташкилотҳои туристиро амалӣ менамояд.

Моддаи 9. Вазифаҳои асосии субъектҳое, ки ба фаъолияти мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ҷалб карда мешаванд

1. Мақомоте, ки дар моддаи 8 Қонуни мазкур номбар шудаанд, дар фаъолияти мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар ҳудуди салоҳияти худ ба воситаи таҳия ва татбиқи тадбирҳои пешгирикунанда, тартиботӣ, ташкилӣ, иттилоотӣ, тарбиявӣ ва дигар чораҳои огоҳонӣ, ошкор ва пешгирии хариду фурӯши одамон иштирок менамоянд.

2. Тартиби ба муассисаҳои махсусгардонидашуда додани воситаҳои моддию техникӣ ва молиявӣ, маълумот, воситаҳои нақлиёт ва воситаҳои алоқа, таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ, ки ба шахсони аз хариду фурӯши одамон зарардида ёрӣ мерасонанд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 10. Мусоидат ба мақомоте, ки мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамонро амалӣ менамоянд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон вазифадоранд ба мақомоте, ки фаъолияти мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамонро анҷом медиҳанд, мусоидат намоянд.

БОБИ 3

ПЕШГИРИИ ХАРИДУ ФУРӮШИ ОДАМОН

Моддаи 11. Ташкили пешгирии хариду фурӯши одамон

1. Фаъолияти пешгирии хариду фурӯши одамонро Комиссияи байниидоравӣ ташкил ва ҳамоҳанг менамояд.

2. Ба маҷмӯи чораҳои пешгирии хариду фурӯши одамон инҳо дохиланд:

а) гузаронидани мониторинг оид ба масъалаҳои мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон;

б) таҳияи барномаҳои ҳавасмандгардонии корфармо ҷиҳати ба кор қабул кардани ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон;

в) таҳияи барномаҳои бартарафсозии масъалаҳои иҷтимоӣ, ки барои васеъ кардани фаъолияти одамҷаллобон шароит ба вуҷуд меоваранд;

г) баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии ҷомеа дар бораи ҳолатҳои хатарноке, ки ба он ҷабрдидагони эҳтимолии хариду фурӯши одамон гирифтор мешаванд, дар бораи чораҳои ҳифз, ки давлат ва муассисаҳои махсусгардонидашуда пешниҳод менамоянд, дар бораи чораҳои таъсиррасонии ҷиноятӣ ва маъмурӣ, ки давлат оиди мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон меандешад;

д) таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ, ки ба муаллимон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳо барои кӯдакони ятим, инчунин ба падару модари хонандагон, бекорон ва камсаводон, ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон таъин шудаанд.

Моддаи 12. Ҷамъ овардан ва истифодаи иттилоот оид ба масъалаҳои хариду фурӯши одамон

1. Иттилоот дар бораи хариду фурӯши одамон, ки маълумотҳоро дар бораи ҳодисаҳои бақайдгирифташудаи хариду фурӯши одамон, дар бораи одамҷаллобон, дар бораи ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон, дар бораи ҳолатҳои хариду фурӯши одамон дар бар мегирад, Комиссияи байниидоравӣ барои таҳлил, ҷамъбаст ва пешбинӣ намудани чорабиниҳо баҳри мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ҷамъ меоварад.

2. Субъектҳое, ки фаъолияти мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамонро амалӣ менамоянд, вазифадоранд маълумотҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишударо бо тартиби муқарраргардида ба Комиссияи байниидоравӣ пешниҳод намоянд.

БОБИ 4

МУАССИСАҲОИ МАХСУСГАРДОНИДАШУДАЕ, КИ ҶАБРДИДАГОНИ ХАРИДУ ФУРӮШИ ОДАМОНРО ДАСТГИРӢ МЕНАМОЯНД ВА БА ОНҲО КӮМАК МЕРАСОНАНД

Моддаи 13. Муассисаҳои махсусгардонидашудае, ки ҷабрдидагони хариду фурӯши одамонро дастгирӣ менамоянд ва ба онҳо кӯмак мерасонанд

1. Бо мақсади ҳифз ва расондани кӯмак ба ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марказҳои дастгирӣ ва кӯмак ба ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон (минбаъд марказҳо) таъсис дода мешаванд.

2. Манбаъҳои маблағгузорӣ ва таъминоти фаъолияти чунин марказҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Маблағгузории иловагии марказҳо, инчунин метавонад аз дигар манбаъҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъгардида анҷом дода шавад.

Моддаи 14. Марказҳои дастгирӣ ва кӯмак ба ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон

1. Вазифаҳои асосии марказҳои дастгирӣ ва кӯмак ба ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон инҳоянд:

а) пешниҳоди ахбор дар шакли фаҳмо дар бораи расмиёти судӣ ва маъмурии мавҷуда, ки манфиатҳои ҷабрдидагони хариду фурӯши одамонро ҳимоя мекунанд;

б) расондани ёрии тахассусии психологӣ ва тиббӣ;

в) мусоидат дар баргардонидани ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон ба оила ва ҷомеа;

г) пешниҳоди паноҳгоҳ барои сукунати муваққатии ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон.

2. Паноҳгоҳ барои сукунати муваққатӣ дар марказҳо ба ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон, бо хоҳиши шахсии ӯ ба мӯҳлати то як моҳ, сарфи назар аз рафтори ин шахс ё омода будани вай ба додани маълумот бар зидди одамҷаллобон, дода мешавад.

3. Мӯҳлати додани паноҳгоҳ, ки қисми дуюми ҳамин модда пешбинӣ кардааст, барои тамоми давраи пешбурди парванда бо пешниҳоди комиссияи минтақавӣ, мақомоти тафтишотӣ, прокурор ё суд дар сурати мавҷуд будани розигии ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон ё дархости асосноки шахси аз хариду фурӯши одамон зарардида метавонад дароз карда шавад.

Моддаи 15. Ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ

Ҳангоми таъсиси марказҳое, ки моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, Комиссияи байниидоравӣ метавонад иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматиро, ки дар соҳаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон кор мекунанд, ба ҳамкорӣ ҷалб намояд.

БОБИ 5

БАРҚАРОРСОЗИИ ИҶТИМОӢ ВА ҲИФЗИ ҶАБРДИДАГОНИ ХАРИДУ ФУРӮШИ ОДАМОН

Моддаи 16. Барқарорсозии иҷтимоии ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон

1. Барқарорсозии иҷтимоии ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон бо мақсади ба тарзи дурусти ҳаёт баргардонидани онҳо гузаронида шуда, ёрии ҳуқуқӣ ба шахсони мазкур, барқарорсозии психологӣ, тиббӣ, махсус ва бо кор таъмин кардани онҳоро дар бар мегирад.

2. Тартиби амалӣ гардонидани барқарорсозии иҷтимоии ҷабрдидагони хариду фурӯши одамонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 17. Чораҳо оид ба ҳифзи ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон

1. Дар асоси қарори мақоми анҷомдиҳандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таҳқиқотчӣ, муфаттиш, прокурор ва суд дастрасӣ ба маълумот дар бораи шахсияти ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон дар хадамоти маълумотӣ ва фондҳои иттилоотию маълумотӣ бояд манъ карда шавад.

2. Паҳн кардани иттилоот дар бораи ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон ё дар бораи ҳолатҳои хариду фурӯши одамон, ки барои ҳаёт ё саломатии ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон, ё хешу табори наздики вай хатар ба вуҷуд оварда метавонад, инчунин дар бораи шахсоне, ки бо хариду фурӯши одамон мубориза мебаранд, манъ аст.

3. Дар сурате, ки агар ба ҳаёт ва саломатии ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон хатари воқеӣ таҳдид кунад, дар асоси қарори суд, прокурор, муфаттиш, таҳқиқотчӣ, мақоми амалкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, бо хоҳиши ин шахс бояд ба ӯ имконият дода шавад, ки вай ном, насаб, номи падар, сана ва ҷои таваллудашро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир диҳад.

4. Паҳн кардани маълумот дар бораи чораҳои амният ва махфияти иттилоот дар бораи ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон, ҳамчунон маълумоти тафтишоти пешакӣ ва маълумот дар бораи чораҳои бехатарие, ки нисбат ба иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ татбиқ карда мешаванд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъқиб карда мешавад.

5. Шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин кормандони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматие, ки дар фаъолияти мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон иштирок мекунанд, барои паҳн кардани иттилооти махфӣ дар бораи ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон ва барои нарасонидани ёрӣ ба ин гуна шахсон, ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, кашида мешаванд.

Моддаи 18. Вазифаҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба расондани ёрӣ ва ҳифзи ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон

1. Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон гардидаанд, дар давлати сукунати онҳо амалӣ мегардонанд ва барои баргаштани онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунанд.

2. Дар сурати гум кардан ё имконнопазирии аз дасти одамҷаллобон кашида гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳоеро, ки барои баргаштан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳанд, омода намуда ба ин гуна шаҳрвандон медиҳанд.

3. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои давлати сукунат намояндагони дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд ба мақомоти дахлдори давлати сукунати онҳо маълумотро дар бораи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон пешниҳод намоянд, инчунин маълумотро дар бораи ҳуқуқҳои ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон дар байни шахсони дахлдор паҳн намоянд.

Моддаи 19. Расондани кӯмак ба кӯдакон -ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон

1. Дар сурати расондани кӯмак ба кӯдакон -ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон мувофиқи Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак бояд тамоми чораҳо тибқи манфиатҳои афзалиятноки кӯдак андешида шаванд.

2. Субъектҳои фаъолияти мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва марказҳо дар сурати пайдо намудани маълумот дар бораи кӯдак -ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон, вазифадоранд бо мақсади таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин бора фавран мақомоти васоят ва парасториро огоҳ намоянд.

3. Дар сурати ҷойгиркунии кӯдакон -ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон дар паноҳгоҳи марказҳо, онҳо бояд аз одамони калонсол алоҳида бошанд.

4. Кӯдакон – ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон, ки дар паноҳгоҳи марказҳо ҷойгир карда шудаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имконияти рафтуомад ба муассисаҳои давлатии таълимӣ таъмин карда мешаванд.

5. Дар сурате ки агар кӯдак -ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон бе парастории падару модар монда бошад, ё дар бораи ҷои сукунати оилаи худ хабардор набошад, оид ба ҷустуҷӯи оилаи кӯдак ё мувофиқи қонун ба вай муқаррар кардани васӣ ё парастор чораҳо андешида мешаванд.

Моддаи 20. Кафолатҳои давлатӣ ба ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон

1. Суд, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқотчӣ нисбати ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон, ки бо мақомоти тафтишот ва таҳқиқ бо мақсади ошкор кардани шахсони ба хариду фурӯши одамон гумонбаршуда, хоҳиши ҳамкорӣ карданро изҳор кардаанд, чораҳои бехатарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро меандешанд.

2. Агар шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд -ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон мувофиқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷабрдида эътироф шуда бошад, шоҳиди парвандаи ҷиноятӣ бошад ё ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ёрӣ расонад, бо дархости асосноки суд, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқотчӣ нисбати чунин шахс чораҳои рондан аз ҳудуди мамлакат то қабули қарор оид ба парвандаи ҷиноятӣ нисбати шахсони гунаҳкори хариду фурӯши одамон, татбиқ намешавад ва ба ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон, сарфи назар аз ҳолатҳои вориди ин шахс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд ҳуқуқи будубоши муваққатӣ дода шавад. Нисбати чунин шахс мувофиқи дархости асосноки мақомоти дахлдор иҷрои қарор ҷиҳати додани ҷазои маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкунии вобаста ба хариду фурӯши одамон қатъ карда мешавад, агар мутобиқи ҳолати хариду фурӯши одамон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида бошад ва ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон ё шахси ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ошкор намудани ҳолати хариду фурӯши одамон ё ҷустуҷӯи одамҷаллобон ёрирасонида эътироф гардида бошад.

3. Ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон барои содир кардани кирдоре, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, набояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад, агар чунин ҳуқуқвайронкунӣ бо сабаби ҳолатҳои барангехтаи одамҷаллоб содир шуда бошад.

4. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ҳудудии он мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳномаи иқоматро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе дарназардошти мӯҳлати сукунат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмиёт дароварда, ба шаҳрванди хориҷӣ ё ба шахси бешаҳрванде медиҳанд, ки вай ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон буда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар фош намудани ҷиноят ва шахси (шахсони) ба хариду фурӯши одамон айбдоршаванда мусоидат кардааст.

5. Тартиби будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қисми дуюми ҳамин модда нишон дода шудааст, нисбат ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон мебошад, вале ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти худро надорад, аз мусоидат ба мақомоти салоҳиятнок оид ба муқаррар кардани шахсияташ саркашӣ кардааст, татбиқ карда намешавад.

6. Чораҳои кӯмак ва амният, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ карда шудаанд, метавонанд бекор карда шаванд, агар ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон бо шахсоне, ки нисбат ба онҳо чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, тафтишоти пешакӣ, тафтишот ё мурофиаи судӣ гузаронида мешавад, бе маҷбуркунӣ аз ҷониби ин шахсон робитаро барқарор карда бошад.

БОБИ 6

ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶИҲАТИ

МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ ХАРИДУ ФУРӮШИ ОДАМОН

Моддаи 21. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон

1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти салоҳиятдори он мувофиқи меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар масъалаҳои мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон бо давлатҳои хориҷӣ ва мақомоти салоҳиятдори онҳо, инчунин бо ташкилотҳои байналмилалие, ки ба хариду фурӯши одамон мубориза мебаранд ва ба ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон мусоидат менамоянд, ҳамкорӣ мекунанд.

2. Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти шахсият, ҷамъият ва давлатро ба роҳбарӣ гирифта, бо назардошти хусусияти трансмиллии хариду фурӯши одамон дар қаламрави худ шахсонеро, ки ба хариду фурӯши одамон сарукор доранд, аз он ҷумла дар мавридҳое, ки агар хариду фурӯши одамон ё давраҳои ҷудогонаи он берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудаанд, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонидаанд ва дар дигар мавридҳое, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, таъқиб мекунад.

БОБИ 7

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 22. Хусусиятҳои мурофиаи судӣ оид ба парвандаҳо дар барои хариду фурӯши одамон

Парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳои хариду фурӯши одамон, инчунин парвандаҳо дар бораи баргардонидани зарар ба ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар маҷлисҳои пӯшидаи судӣ баррасӣ карда шаванд.

Моддаи 23. Ҷавобгарии шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои хариду фурӯши одамон

1. Шахси воқеие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

2. Дар сурати аз тарафи суд муқаррар карда шудани ҳолати хариду фурӯши одамон ба воситаи шахси ҳуқуқие, ки дидаву дониста боиси хариду фурӯши одамон гардидааст, ин гуна шахси ҳуқуқӣ бо қарори суд бояд барҳам дода шавад.

3. Дар сурати аз тарафи суд эътироф гардидани алоқамандии шахси ҳуқуқӣ (намояндагӣ, филиали он), ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ба дидаву дониста дахл доштан ба хариду фурӯши одамон, фаъолияти чунин шахси ҳуқуқӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, намояндагии (филиали) он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешавад.

4. Амволи шахси ҳуқуқӣ (намояндагӣ, филиали он), ки дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда пешбинӣ гардидааст ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст, мувофиқи қарори суд мусодира карда шуда, ба фоидаи давлат гузаронида мешавад.

5. Ариза дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахси ҳуқуқӣ (намояндагӣ, филиали он) барои шарик будан дар хариду фурӯши одамон, аз тарафи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар шахсони манфиатдор ба суд пешниҳод карда мешавад.

Моддаи 24. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш.Душанбе 15 июли соли 2004

№ 47

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin