Тағйиру иловаҳо

Тағйиру иловаҳо ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар ҷодаи пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронан-дагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт, содир кардани садамаи марговари нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ, ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо пешниҳод шуданд.
Дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 37, 42, 332, 336, 337 ва 342 тағйирот ворид карда шуда, дар онҳо муҳлати аз ҳуқуқи махсус – ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд карда шуда, ҷазоҳои пешбинигардида вазнин карда шудаанд. Дар қисми 1-и моддаи 37, тибқи таҳрири нав калимаҳои «маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус» хориҷ карда мешавад.
Дар қисми 1-и моддаи 42 омадааст: «Шахси воқеӣ ва ҳуқуқи махсус (ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт, шикор, нигоҳ доштан бо худ гирифта гаштани силоҳи оташфишон, истифодаи воситаҳои радиоэлектронӣ ва ё дастгоҳи баландбасомад, истифодаи қитъаи замин ва ғайра), ки ба ў дода шудааст, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қисми махсуси кодекси мазкур бинобар дағалона ё ба таври мунтазам риоя накардани қоидаҳои истифодаи он маҳрум карда мешавад. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус ба мўҳлати аз ду моҳ то ду сол муқаррар карда мешавад».
Тибқи таҳрири нав калимаҳои «ду сол» ба калимаҳои «даҳ сол» иваз карда мешавад.
-Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ (моддаи 332) танҳо ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати ду сол пешбинӣ шуда буд, акнун ҷазо вазнин карда шуда, барои ин кирдор ҷарима ба андозаи понздаҳ ҳазор сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъйин карда мешавад.
-Барои бе ҳуқуқи ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт (мод.336 қ.1) ҷавобгарӣ пурзўр карда шуда, андозаи ҷарима аз 150-250 сомонӣ то 12500 сомонӣ зиёд карда шудааст.
-Барои идора намудани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, ҷарима ба андозаи 2500-3500 сомонӣ буд. Дар лоиҳаи нав андозаи ҷарима бист ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
-Барои дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, низ ҷавобгарӣ пурзӯр карда шуда, ҷазои ҷиноятӣ, яъне маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ё ҷарима ба андозаи аз 25 ҳазор то 50 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда мешавад.
-Барои дар ҳолати мастӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст (мод. 212 КҶ ҶТ), ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати даҳ сол пешбинӣ карда мешавад.
-Барои ҳамин кирдор агар боиси марги зиёда аз ду шахс гардад (мод. 212 КҶ ҶТ), он гоҳ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз даҳ то бист сол пешбинӣ карда мешавад.
Дар баробари ҷазоҳои асосӣ меъёр дар бораи аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт то 20 сол маҳрум кардани шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ нақлиётро идора намудаанд, пешниҳод гардид.
Дар сурати ба муассисаҳои таълимӣ бо идоракунии воситаҳои нақлиёти механикӣ омадани хонандагон ва донишҷуён онҳо аз муассисаҳои таълими бе ҳуқуқи барқарор шудан хориҷ карда мешаванд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin