Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо”

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, №12, мод.312; соли 2002, № 4, қ.1, мод.266; соли 2006, №4, мод. 192; соли 2007, №7, мод. 661)

БОБИ I.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур бо назардошти ҳифзи саломатии аҳолӣ, амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, амалӣ намудани сиёсати давлатӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии онҳо, пешгирии нашъамандию токсикомандӣ ва расонидани ёрии наркологи ба шахсони гирифтори нашъамандӣ ва токсикомандӣ мебошад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд

Дар қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо-фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор бо мақсадҳои илмӣ, таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот, ки дар асоси иҷозатнома амалӣ карда мешаванд ва нобуд кардан, ки бе иҷозатнома ба амал бароварда мешавад;

муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо – фаъолияти вобаста ба киштукори растаниҳои нашъадор, таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигаҳдошт, интиқол, фиристонидан, додан, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот, содирот ва нобуд кардани воситаҳои нашъадор воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо,ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад;

Квотаи давлатии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ (минбаъд Квотаи давлатӣ) – миқдори муайяни воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ки бо назардошти шартномаҳои байналмилалӣ, ба мақсади муомилоти қонуни аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст;

Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо (минбаъд Рӯйхати миллӣ) – номгӯиҳои муназзами воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ки муомилоташон манъ ё маҳдуд буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорат қарор доранд;

воситаҳои нашъадор – маводи сунъӣ ё табиӣ, шаклҳои дорувории онҳо, инчунин растаниҳое, ки дар Конвенсияҳои байналмилалии дахлдор ва Рӯйхати миллӣ айнан гурӯҳбанд шудаанд;

моддаҳои психотропӣ – маводи сунъӣ ё табиӣ, шаклҳои дорувории онҳо, ки дар Конвенсияи байналмилалии дахлдор ва Рӯйхати миллӣ айнан гурӯҳбанд шудаанд;

прекурсорҳо – маводе, ки дар Конвенсияи байналмилалии дахлдор ва Рӯйхати миллӣ ҳамчун асос ё ёрирасон барои истеҳсол, тайёр кардан ва коркарди воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ гурӯҳбанд шудаанд;

киштукори растаниҳои нашъадор – кишт ва нигоҳубини растаниҳое, ки дар Конвенсияи байналмилалии дахлдор ва Рӯйхати миллӣ айнан гурӯҳбанд шудаанд;

истеҳсоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ – амалиёте, ки барои ҳосил кардани пайдарпаи (сериявии) воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ равона шудааст;

коркарди воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ – амалиёте, ки дар натиҷаи онҳо воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ аз омехтаҳо тоза мешаванд ё ба дигар моддаҳои ба воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ мансуб набуда, табдил дода мешаванд;

тайёр кардани воситахои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ – амалиёте, ки дар натиҷаи онҳо аз воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо шаклҳои барои истифода тайёри воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ё шаклҳои дорувории онҳо ҳосил карда мешаванд;

тақсимоти воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ – амалиёте, ки дар натиҷаи он шахсони ҳуқуқии мушаххас тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори барои онҳо муайяннамудаи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропиро барои муомилот мегиранд;

интиқоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ – аз як ҷо ба ҷои дигар бурдани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз намуди нақлиёти истифодашуда;

воридоту содироти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо – гузаронидани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

истеъмоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ– истеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ бе таъиноти духтур;

суиистеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ – ба таври мунтазам қасдан истеъмол намудани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ бе таъиноти духтур;

соҳиб шудан ба воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо – харидан, ёфта аз они худ кардан, гирифтан ба ивази дигар Аше ва мол, қарз ё ҳадя ва ба ивази қарз додани воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин ҷамъ намудани растаниҳои нашъадори худрӯй ё қисмҳои онҳо, ё ин ки ба боқимондаҳои ҳифзнашавандаи кишти растаниҳои нашъадор баъди ҷамъоварии онҳо ва бо дигар роҳҳо соҳиб шудан;

фиристонидани воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо – интиқол додани воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ба воситаи почта ва шӯъбаҳои бағоч ва ё бо дигар тарз бе иштироки интиқолдиҳанда;

нигоҳ доштани воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо – ҳама гунна амалиёте, ки бо қасдона ихтиёрдорӣ намудани (бо худ, дар бино, дар пинҳонгоҳ ва дигар ҷойҳо) воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо алоқаманданд;

ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо – ҳама гуна тарзҳои паҳн намудани (фурӯш,ҳадя, иваз, ба ивази қарз додан, додани қарз ва бо дигар тарз) воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо;

бемори нашъаманд (токсикоманд) – шахсе, ки нисбати ӯ аз ҷониби сохторҳои салоҳиятдори вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бемории нашъамандӣ (токсикомандӣ) ташхис шудааст;

нашъамандӣ – беморие, ки аз заҳролудшавии паиҳами организм дар катичаи суиистеъмоли воситаҳои нашъадор, ки дар Конвенсияҳои байналхалқии дахлдор ва Рӯйхати миллӣ айнан гурӯҳбанд шудаанд ба вуҷуд омада, ба вобастагии рӯҳию ҷисмонӣ аз онҳо тавсия мешавад;

токсикомандӣ – беморие, ки аз заҳролудшавии паиҳами организм дар натиҷаи суиистеъмоли маводи доруворӣ ва маводҳои дигари ба воситаҳои нашъадор мансуб набуда ба вуҷуд омада, ба вобастагии рӯҳию ҷисмонӣ аз онҳо тавсиф мешавад.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, инчунин шартномаҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, иборат аст.

 

БОБИ II.

МОНОПОЛИЯИ ДАВЛАТӢ ДОИР БА намудҳои асосии ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ МУОМИЛОТИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР.

НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МУОМИЛОТИ МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПӢ ВА ПРЕКУРСОРҲО

 

Моддаи 4. Монополияи давлатӣ доир ба намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашаъдор. Назорати давлатӣ дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор : киштукори растаниҳои нашъадор, таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, тақсимот, воридот ба Ҷумҳурӣ ва содирот аз он, инчунин ба нобуд кардан:монополияи давлатӣ амал мекунад.

Намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор аз тарафи ташкилотҳои давлатӣдар асоси иҷозатнома ва дар доираи квотаи давлатӣ сурат мегирад.

Фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор вобаста ба нигаҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯш, соҳиб шудан ва истифодаи он дар доираи квотаи давлатӣ дар асоси иҷозатнома сурат мегирад;

Фаъолият дар соҳаи муомилоти моддаҳои психотропӣ дар доираи квотаи давлатӣ дар асоси иҷозатнома сурат мегирад.

Фаъолият дар соҳаи муомилоти прекурсорҳо дар асоси иҷозатнома сурат мегирад.

 

Моддаи 5. Ташкили назорати давлатӣ дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо

Ташкил ва амалӣ намудани назорати давлатӣ дар соҳаи муомилоти қонунии воситахо) нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агентӣ) ва дигар мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, сурат мегирад.

Агентӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, фаъолияти мақомоти давлатиро вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии онҳо, пешгирии нашъаманда инчунин барқароркунии иҷтимоии беморони нашъамандӣ, ҳамоҳанг ва назорат мекунад.

 

Моддаи 6. Салоҳияти Агентӣ

Агентӣ дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:

мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилоти қонунии прекурсорҳо иҷозатнома (литсензия) медиҳад;

Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳоро дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро анҷом дода, аз ҷумла дар минтақаҳои назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ мебарад;

дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ барои гумонбар намудани шаҳрванд дар содир кардани ҳуқуқвайронкунӣ ё ҷиноятҳои ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо алоқаманд буда, ҳуҷҷатҳои шахсияти онҳоро тасдиқкунандаро, ҳамчунин дигар ҳуҷҷатҳои барои санҷиши риояи қоидаҳое, ки назорати иҷрояшон ба зиммаи Агентӣ гузошта шуда лозиманд, тафтиш менамояд;

тибқи тартиби муайяннамудаи қонун, шахсонеро, ки дар содир кардани ҷиноятҳои ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо алоқаманд гумонбар шудаанд, барои муоинаи тиббӣ бо мақсади муқаррар кардани истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ аз ҷониби онҳо мефиристад;

аз вазорату идораҳои дахлдор маълумотҳоро, ки барои баҳисобгирӣ ва назорати фаъолияти онҳо дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, пешгирии нашъамандӣ, барқароркунии иҷтимоии беморони гирифтори нашъамандӣ заруранд, дастрас менамояд;

якҷоя бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор тартиби нигаҳдошт ва ҳифзи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои аз ҷониби онҳо гирифташударо тафтиш менамояд;

фаъолияти корхона, ташкилот ва муассисаҳоро доир ба масъалаҳои муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, пешгирии нашъамандӣ ва барқароркунии иҷтимоии шахсони гирифтори нашъамандиро назорат менамояд;

дар бораи бартараф кардани камбудиҳои зимни тафтиш ошкоршуда дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо, дастурҳо медиҳад;

маълумотҳоро оиди талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ чамъбаст намуда, онро тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

дар муносибатҳои байналмилалӣ доир ба масъалаҳои муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии онҳо, пешгирии нашъамандӣ ва барқароркунии иҷтимоии нашъамандон, бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ менамояд;

иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи назорати воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

тибқи тартиб ва ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони Агентӣ бо худ гирифта гаштан, нигоҳдории яроқи оташфишон, воситаҳои махсус, инчунин сагҳои хизматиро иҷозат медихад.

Агенти дорои дигар салоҳиятҳо низ мебошад, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 7. Кормандони Агентӣ. Ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва ҷавобгарии онҳо

Кормандони Агентӣ шахсонеанд, ки дар мақом ё ҷузъу томи он мансаби дахлдорро ишғол намуда, дорои унвони махсус мебошанд.

Кормандони Агентӣ ҳуқуқ доранд:

аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор қатъ гардондани ҳуқуқвайронкунию амалҳоеро, ки барои иҷрои ваколатҳои Агентӣ ҳалал мерасонанд, талаб кунанд ва дар сурати иҷро накардани ин талаботҳо чораҳои иҷбории дар қонун пешбинишударо ба кор баранд;

аз рӯи парвандаҳою ҳуҷҷатҳои таҳти коргузории Агентӣ қарордошта, шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро ба Агентӣ даъват кунанд;

ҳангоми анҷом додани амалҳои алоҳидаи ҷустуҷӯӣ, ба мақсади таъмини тартиботу амнияти ҷамъиятӣ, муҳофизати ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, ба минтақаҳои алоҳидаи маҳал ё объектҳо даромадани шаҳрвандонро муваққатан маҳдуд гардонанд ё манъ намоянд;

дар мавридҳои вобаста ба ошкор кардан, пешгирӣ намудани ҷиноят, дастгир намудани ҷинояткор аз тамоми намудҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва маҳаллӣ, инчунин аз воситаҳои алоқа, ки ба корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва ба шаҳрвандон тааллуқ, доранд, бепул истифода баранд.

Ба ғайр аз ин ба кормандони Агентӣ амали ҳуқуқҳое, ки дар моддаҳои 13-17 (ба ғайр аз банди 1 қисми панҷуми моддаи 17), моддаи 18, моддаи 21, моддаҳои 24-34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милиса” пешбинӣ гардидаанд, татбиқ мегардад.

Кормандони Агентӣ дорои ӯҳдадориҳое мебошанд, ки онҳоро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд.

Таъмини нафақаи кормандони Агентӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ” сурат мегирад.

Тартиб ва шарти адои хизмат дар Агентӣ мутобиқи низомномаи дахлдор, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.

Кормандони Агентӣ барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 8. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо

Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ гардонида мешавад.

 

Моддаи 9. Киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илмӣ, таҳия, соҳиб шудан, тайёр кардан, коркард, истеҳсол, нигаҳдорӣ, додан, фурӯш, тақсимот ва ҳисобу китоби воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо

Киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, фақат аз тарафи муассисаҳои илмӣ-тадқиқотие, ки тибқи Қонуни мазкур литсензия доранд, амалӣ мегардад.

Соҳиб шудан, тайёр кардан, коркард ва истеҳсоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Квотаи давлатӣ амалӣ мегардад.

Номгӯи таҷҳизот барои тайёр кардан, коркард ва истеҳсоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, инчунин тартиби истифода ва нобуд сохтани онҳоро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Агентӣ муаяйн мекунад.

Корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳое, ки воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо истеҳсол мекунанд, мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Регистри давлатӣ дохил карда мешаванд.

Тартиби хисобу китоб, нигахдорй, таксимот, додан ва фуруши воситахои нашъадор ва моддахои психотропӣ, мутобики қонун гузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофикаи Агентй мукаррар карда мешавад.

Рекламаи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

 

Моддаи 10. Хусусияти интиқол, муросилот, воридот ва содироти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо

Интиқол ва муросилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ, ки тибқи Қонуни мазкур литсензия доранд, сурат мегирад. Зимнан муросилоти почтавии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо манъ аст.

Барои ҳар дафъаи убур намудани сарҳади гумрукӣ бо мақсади ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва ё содир намудани онҳо аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд, ки иҷозатнома ва сертификата намунаи байналмилалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шавад. Додани иҷозатномаи додашуда ба дигар корхона, ташкилот ва муассиса новобаста ба он, ки онҳо литсензия барои фаъолият дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо доранд, манъ аст.

Воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳое, ки бидуни литсензия ва иҷозатнома ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ё аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон содир мешаванд, мусодира мегарданд.

Воридот, содирот ва интиқоли транзитии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, сурат мегирад.

БОБИ Ш.

ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР, МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПӢ ВА ПРЕКУРСОРҲО

 

Моддаи 11. Истифодаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо

Истифодаи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ бо мақсадҳои тиббӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи тартиби муайянкардаи Вазорати тандурустӣ бо мувофиқаи Агентӣ амалӣ мегардад.

Истифодаи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ дар фаьолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ, экспертӣ (ташхисӣ) ва байторӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор дар мувофиқа бо Агентӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Истифодаи прекурсорҳо бо мақсадҳои тиббӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ, эксперта (ташхисӣ), байторӣ, саноатӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор дар мувофиқа бо Агентӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

 

Моддаи 12. Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо

Воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ки мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода ва муомилоташон манъ ё маҳдуд аст, ба Рӯйхати миллӣ дохил карда мешаванд.

Воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо вобаста ба дараҷаи хавфнокиашон барои саломатии инсон ҳангоми сӯиистеъмоли онҳо ва бо назардошти он, ки ба кадом мақсадҳо онҳо истифода мешаванд, дар Рӯйхати миллӣ гурӯҳбанд мешаванд.

Рӯйхати миллӣ ба таври расмӣ, бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор мешавад.

БОБИ IV.

ЧОРАҲОИ МУХОЛИФАТ БА МУОМИЛОТИ UАЙРИҚОНУНИИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР, МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПӢ ВА ПРЕКУРСОРҲО

 

Моддаи 13. Мухолифат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаи психотропӣ ва прекурсорҳо

Мухолифат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо аз ҷониби мақомот ва ташкилотҳои дахлдор дар доираи ваколати ба онҳо додашуда, сурат мегирад.

Мубориза бар зидди истеъмоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропиро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоту ташкилотҳои дахлдор дар доираи ваколати ба онҳо додашуда бо мувофиқаи Агентӣ ташкил менамоянд.

 

Моддаи 14. Ирсоли назоратшавандаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо

Бо мақсади пешгирӣ намудани муомилоти ғайриқонунии байналмилалии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва ошкор намудани шахсони иштирокчии ин гуна муомилот, мақомоти мувофиқи қонун ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як ҳолати алоҳида, мутобиқи шартномаҳо бо мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ ё дар асоси шартномаҳои байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, усули ирсоли назоратшавандаро истифода мебаранд, яъне тахта назорати худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардан ё ба транзити воситахои нашъадор, моддахои психотропӣ ва прекурсорхоро аз каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рох медиханд.

Дар сурати қабул шудани қарор оиди истифодаи ирсоли назоратшаванда, агар давлате, ки ба он бурдани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо пешбинӣ шудааст, давлати хориҷӣ бошад, пас парвандаи ҷиноӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда намешавад ва дар бораи қарори қабулшуда бетаъхир Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор карда мешавад.

Ирсоли назоратшавандаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо мумкин аст дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо огоҳӣ ва тахти назорати мақомоте (воҳидҳое), ки барои амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳуқук доранд, истифода бурда шавад.

 

БОБИ V.

ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИИ ИСТЕЪМОЛИ UАЙРИҚОНУНИИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР ВА МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПӢ

 

Моддаи 15. Истеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ бе таъиноти духтур манъ аст.

Таъин намудани истеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ бо тартиби муайян намудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

 

Моддан 16. Ошкор намудани шахсоне, ки воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва ғайриқонунӣ истеъмол мекунанд

Агар барои гумон намудани шахс ба истеъмоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ асосҳои кофи мавҷуд бошанд, ӯ бояд дар муассисаҳои наркологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаронида шавад.

Воқеияти истеъмоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ дар асоси натиҷаҳои муоинаи тиббӣ муқаррар карда мешавад.

Муқаррар намудани ҳолатҳои мадҳушӣ салоҳияти духтуре мебошад, ки ба зиммааш вазифаи гузаронидани муоинаи тиббӣ гузошта шудааст.

Ташхиси бемории “нашъамандӣ” ё “токсикомандӣ” аз ҷониби комиссияи машваратии тиббӣ дар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти тиббӣ дар муассисаҳои наркологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 17. Табобат ва баҳисобгирии шахсоне, ки ғайриқонунӣ воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ истеъмол мекунанд

Табобати беморони нашъмандӣ ва токсикомандӣ дар сурати муроҷиати ихтиёриашон, шахсони ба синни 16-солагӣ нарасида бошад, бо розигии волидайн ё дигар намояндагони қонунии онҳо сурат мегирад.

Табобати нашъамандӣ ва токсикомандӣ ба истиснои ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат дар муассисаҳои наркологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Беморони гирифтори нашъамандӣ ё токсикомандӣ пас аз табобат бояд таҳти мушоҳидаи диспансерӣ бо тартиб ва мӯҳлати муайянкардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гиранд.

Беморони гирифтори нашъамандӣ, токсикомандӣ ва шахсоне, ки нисбати онҳо воқеияти истеъмоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ муқаррар шудааст, тибқи тартиб ва ба мӯҳлати муайянкардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.

Табобати маҷбурии беморони нашъамандӣ ва токсикомандӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 18. Ҳуқуқи беморон ҳангоми ба онҳо расондани кӯмаки наркологи

Шахсоне, ки ихтиёран барои табобат аз нашъамандӣ ё токсикомандӣ муроҷиат кардаанд, ҳуқуқ, доранд ба:

грифтани ёрии бемузди наркологи дар ҳаҷми пешбининамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ниҳонӣ будани табобат, ба истиснои ҳолатҳои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурӣ кашидани онҳо;

нигоҳ доштани манзилгоҳ ва ҷои кор дар тамоми вақти дар беморхона будан;

гирифтани варақаи корношоямӣ барои тамоми вақти дар муолиҷа будан.

БОБИ VI.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 19. Нобуд сохтани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо. Мусодираи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо

Воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳое, ки аз муомилоти қонунӣ гирифта шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд нобуд карда шаванд.

Воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, таҷҳизоту асбобҳои истеҳсоли онҳо, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ гирифта шудаанд, мусодира шуда ба фоидаи давлат гузаронида мешаванд ё тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд нобуд карда шаванд.

 

Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсоне, ки ба вайрон кардани Қонуни мазкур гуннаҳкоранд, тибқи қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 21. Муқаррароти давраи гузариш

Муқаррар карда шавад, ки то ба таъмини пурраи Буҷети давлатӣ гузаштани Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақаи кормандони он мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 22. Назорати иҷрои Қонуни мазкур

Назорати иҷрои Қонуни мазкур аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуророни тобеъи ӯ буда амалӣ мегардад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 10 декабри соли 1999

№ 873

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо”

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, №12, мод.313)

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо” пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

2. Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон

– ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мутобиқ намудани қонунҳои амалкунандаи ҷорӣ бо Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо” таклифҳо пешниҳод намояд;

– қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ намояд.

Раиси Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. РАҶАБОВ

ш. Душанбе 10 декабри соли 1999

№ 874

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin