Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)”

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур иборат аз инҳо мебошад:

– ҳимояи ҳуқуқу озодии инсон, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини ягонагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди экстремизм;

– таъмини ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди экстремизм;

– муайян намудани асосҳои ҳуқуқию ташкилии мубориза бар зидди фаъолияти экстремистӣ, муқаррар намудани ҷавобгарӣ барои амалӣ шудани он;

– ташаккули вазъи тоқатнопазирӣ дар байни мардуми ҷумҳурӣ нисбати экстремизм;

– ошкоркунӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба фаъолияти экстремистӣ, рафъи сабабҳо ва шароитҳое, ки ба пайдошавии экстремизм мусоидат мекунанд.

Моддаи 2. Асосҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди экстремизм

Асосҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди экстремизмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ташкил медиҳанд.

Моддаи 3. Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода шудаанд

Барои мақсадҳои Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:

– экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ;

– амали экстремистӣ-фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ вобаста ба банақшагирӣ, ташкилкунӣ, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое (кирдорҳое) мебошанд, ки барои иҷрои мақсадҳои зерин равона карда шудаанд:

а) ба тарзи маҷбурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва халалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) зарар расонидан ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) ғасб ё тасарруфи салоҳияти ваколатҳои ҳокимият;

г) ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ;

д) амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ;

е) ангезонидани муноқишаҳои нажодӣ, миллӣ ё динӣ, инчунин муноқишаҳои иҷтимоӣ, ки ба зӯроварӣ ё даъват ба зӯроварӣ алоқаманд аст;

ж) паст задани шаъни миллӣ;

з) ба амал овардани бетартибиҳои оммавӣ, авбошӣ ва харобкорӣ бо сабабҳои душманӣ ё бадбинии идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ ва ё бо сабабҳои бадбинӣ ё душманӣ нисбати ягон гурӯҳи иҷтимоӣ;

и) ташвиқоти ягона будан, бартарӣ доштан ё номукаммалии шаҳрвандон бо хусусиятҳои муносибати онҳо ба дин, тамоюли иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва ё забонии онҳо;

к) даъватҳои оммавӣ барои амалӣ гардонидани фаъолияти мазкур ё иҷрои амалҳои номбаршуда;

л) маблағгузорӣ ба фаъолияти мазкур ё расонидани кӯмак барои амалӣ гаштани он, ҷудо кардани манзил, базаҳои таълимӣ, полиграфӣ, моддӣ-техникӣ, алоқаҳои телефонӣ, факсӣ, хизматрасонии иттилоотӣ, дигар воситаҳои моддӣ-техникӣ барои амалӣ шудани ин фаъолият.

– ташкилоти экстремистӣ – иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоти ғайритиҷоратие мебошад, ки нисбати он тибқи асосҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур оид ба барҳам додан ё манъ намудани фаъолият вобаста ба машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ қарори суд ба қувваи қонун даромадааст;

– маводҳои экстремистӣ – ин интишори иттилоот ё ҳуҷҷатҳое, ки барои амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ даъват карда мешаванд ё ногузирии ин фаъолиятро асоснок менамоянд, нашрияҳо, ки ногузирии бартарии миллӣ ё нажодиро талқин менамоянд ё таҷрибаи ҷиноятҳои ҳарбӣ ва дигар ҷиноятҳоро, ки ба несту нобудкунии пурра ё қисмии ягон намуд гурӯҳи этникӣ, иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ равона карда шудааст, асоснок мегардонад.

Моддаи 4. Принсипҳои асосии мубориза бар зидди экстремизм

Мубориза бар зидди экстремизм ба принсипҳои зерин асос меёбад:

– эътироф кардан, риоя намудан ва ҳифзи ҳуқуқу озодии инсон ва инчунин манфиати қонунии ташкилотҳо;

– қонуният;

– ошкорбаёнӣ;

– афзалиятнок будани таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– афзалиятнок будани чораҳое, ки ба огоҳонидани фаъолияти экстремистӣ равона карда шудаанд;

– ҳамкориҳои давлат бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар мубориза бар зидди экстремизм;

– ногузирии ҷазо барои амали фаъолияти экстремистӣ.

Моддаи 5. Самтҳои асосии мубориза бар зидди экстремизм

Мубориза бар зидди экстремизм бо самтҳои зерин амалӣ мегардад:

– андешидани чораҳои пешакӣ барои пешгирии фаъолияти экстремистӣ, аз ҷумла ошкоркунӣ ва бартараф намудани шарту сабабҳое, ки барои амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ мусоидат мекунанд;

– ошкоркунӣ, огоҳкунӣ ва пешгирии фаъолияти экстремистии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ.

Моддаи 6. Субъектҳои мубориза бар зидди экстремизм

Мубориза бар зидди экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошад. Вай вазифаҳои худро дар ин соҳа ба воситаи мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардонад.

Субъектҳои бар зидди экстремизм муборизабаранда мақомоти давлатии зерин мебошанд:

– Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар доираи ваколатҳои худ дар мубориза бар зидди экстремизм иштирок мекунанд.

Роҳбарии умумиро дар мубориза бар зидди экстремизм Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.

Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди экстремизм бо тартиб ва шароитҳои пешбининамудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Мақомоти прокуратура дар доираи ваколатҳои худ иҷроиши қонунҳоро оиди мубориза бар зидди экстремизм назорат мебаранд.

Моддаи 7. Салоҳияти субъектҳое, ки муборизаро бар зидди экстремизм амалӣ мегардонанд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мубориза бар зидди экстремизм:

а) лоиҳаҳои барномаҳои давлатӣ, консепсияи мубориза бар зидди экстремизмро мувофиқи тартиби муқарраршуда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

б) ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолатҳои мубориза бар зидди фаъолияти экстремистӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида маълумот пешниҳод мекунад;

в) пешгирии гузаронидани ғайриқонунии маводи эктремистӣ аз Сарҳади давлатӣ ва ҳамчунин яроқ, лавозимоти ҳарбӣ, моддаҳои тарканда, заҳрдор ва радиоактивие, ки дар фаъолияти эктремистӣ истифода мегарданд;

г) ошкоркунӣ ва пешгирии кӯшишҳои экстремистон барои убур аз Сарҳади давлатӣ;

д) фаъолияти субъектҳои мубориза бар зидди экстремизмро мутобиқ мегардонад;

е) ҷамъоварӣ, таҳқиқ ва ҷамъбасти маълумотро оиди ҳолатҳои мубориза бар зидди экстремизм амалӣ мегардонад;

ё) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи такмили қонунгузорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди экстремизм мувофиқи тартиби муқарраршуда таклиф пешниҳод мекунад;

ж) оиди ошкоркунӣ, огоҳкунӣ ва бартараф кардани ҷиноятҳои характери экстремистӣ дошта чораҳо меандешад.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди экстремизм ба воситаи ошкоркунӣ, огоҳкунӣ ва пешгирии ҷиноятҳои характери экстремистӣ дошта амалӣ мегардонад.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди экстремизм ба воситаи дохил шудан ба муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ошкор, огоҳ ва пешгирии фаъолияти экстремистии байналмилалӣ амалӣ мегардонад.

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди экстремизм ба воситаи пешгирии гузаронидани ғайриқонунии маводҳои экстремистӣ аз сарҳади гумрукӣ, аз ҷумла яроқ, лавозимоти ҳарбӣ, маводҳои тарканда ва заҳрдор, ҳамчунин адабиёту варақаҳо, кассетаҳои сабти навору овози мазмуни экстермистӣ дошта амалӣ мегардонад.

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории амалкунанда муборизаро бар зидди экстремизм ба тариқи амалигардонии назорати фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ба роҳ мемонад.

Моддаи 8. Ошкор намудани фаъолияти экстремистӣ

Субъектҳое, ки муборизаро бар зидди фаъолияти экстремистӣ амалӣ мегардонанд, бо мақсади ошкор намудан ва пешгирии фаъолияти экстремистӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд, ки тамоми қувва, восита ва тарзу усулҳои дар ихтиёри худ доштаро истифода баранд.

Шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ӯҳдадоранд, ки мақомоти амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ ва (ё) дигар субъектҳои мубориза бар зидди экстремизмро оиди тамоми воқеаҳое, ки аломати экстремизми тайёр шудаистода ё содиршаванда доранд, фавран хабар диҳанд.

Давлат ҳимоя ва амнияти шахсонеро, ки дар мубориза бар зидди экстремизм иштирок мекунанд, кафолат медиҳад. Ошкор намудани маълумот дар бораи шахсоне, ки бо мададашон шахсони дар фаъолияти экстремистӣ иштирокдошта дастгир карда шудаанд ё ба пешгирии ин фаъолият оварда расондаанд, манъ аст.

Моддаи 9. Пешгирии фаъолияти экстремистӣ

Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст:

а) ташкил кардан, ба қайд гирифтан ва фаъолият намудани ташкилотҳои экстремистӣ ва ё ташкилотҳое, ки барои амалӣ шудани экстремизм мусоидат мекунанд;

б) фаъолияте, ки ба тарғиби экстремизм алоқаманд аст, аз ҷумла паҳн кардани маводҳои экстремистӣ;

в) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадан, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтан ё ба воситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани шахсоне, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок кардаанд;

г) додани ҳуҷҷат барои истиқомат кардан ба шахсоне, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок намудаанд;

д) ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок намудаанд;

е) гузаронидани митингҳо, намоишҳо, раҳпаймоиҳо ва ё дигар баромадҳои оммавӣ, ки хилофи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Пешгирии фаъолияти экстремистӣ ҳамчунин амалӣ намудани дигар чораҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, дар бар мегирад.

Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятӣ давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар доираи ваколатҳояшон бо тартиби афзалиятнок чораҳои пешгирӣ, аз ҷумла тарбиявӣ, тарғибии ба пешгирии фаъолияти экстремистӣ равонашударо мегузаронанд.

Моддаи 10. Эълони пешниҳод дар бораи роҳ надодан ба амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ

ҳангоми мавҷуд будани маълумоти комил ва қаблан тасдиқшуда дар бораи амалҳои зиддиҳуқуқии тайёр шудаистода, ки хусусиятҳои экстремистӣ доранд ва ҳангоми набудани асосҳо барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурори ба ӯ тобеъ ба роҳбари иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ё ташкилотҳои дигари ғайритиҷоратӣ ва ҳамчунин ба дигар шахсони дахлдор дар бораи роҳ надодан ба ин фаъолият бо нишондоди асосҳои аниқ пешниҳоди хаттӣ равон мекунад.

Моддаи 11. Огоҳонидани шахси ҳуқуқӣ оиди роҳ надодан барои амалишавии фаъолияти экстремистӣ

Ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ҳангоми ошкор шудани далелҳое, ки оиди дар фаъолияти онҳо ё дар фаъолияти яке аз воҳидҳои таркибии минтақавии онҳо мавҷуд будани аломатҳои экстремизм дар бораи роҳ надодан ба чунин фаъолият бо нишондоди асосҳои аниқ, аз ҷумла барои хатогиҳои ҷойдошта пешниҳоди хаттӣ дода мешавад.

Дар ҳолате, ки агар дидани чораҳо оиди андешидан, бартараф намудани хатогиҳои ҷойдошта мумкин бошад, дар пешниҳод ҳамчунин мӯҳлати рафъи хатогиҳои ҷойдошта, ки на зиёда аз як моҳ баъди эълони пешниҳодро ташкил мекунад, муқаррар карда мешавад.

Пешниҳод аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурори ба ӯ тобеъ эълон карда мешавад. Дар ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, чунин пешниҳодро метавонад дигар субъекте, ки муборизаро бар зидди экстремизм амалӣ мегардонад, эълон кунад.

Аз рӯи пешниҳод мувофиқи тартиби муқарраршуда ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Дар ҳолатҳое, ки агар аз рӯи пешниҳод бо тартиби муқарраршуда ба суд шикоят карда нашуда бошад ё аз ҷониби суд пешниҳод ғайриқонунӣ ҳисоб нашуда бошад ва ҳамчунин агар дар мӯҳлати муқарраркардаи пешниҳод иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ё воҳидҳои дигари таркибии минтақавии онҳо хатогиҳои ҷойдоштаро, ки барои навиштани пешниҳод сабаб шудаанд, бартараф накарда бошанд ё ин ки агар дар давоми дувоздаҳ моҳ аз рӯзи навиштани пешниҳод далелҳои нав, ки мавҷуд будани хусусиятҳои экстремистиро дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ гувоҳӣ медиҳанд, ёфта шаванд, онҳо бо тартиби муқаррашудаи Қонуни мазкур барҳам дода шуда, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё ташкилотҳои динӣ, ки шахси ҳуқуқӣ ҳисоб намеёбанд, манъ карда мешавад.

Моддаи 12. Ҷавобгарии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ барои амалигардонии фаъолияти экстремистӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки мақсад ва амалҳояшон барои амалигардонии фаъолияти экстремистӣ равона карда шудааст, манъ карда мешавад.

Дар ҳолатҳои дар қисми панҷуми моддаи 11 Қонуни мазкур омада, ё дар ҳолатҳои аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва ё воҳидҳои дигари таркибии минтақавии онҳо амалӣ гардонидани фаъолияти экстремистӣ, ки сабабгори поймол гаштани ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, расонидани зиён ба шахсият, саломатии инсон, муҳити зист, тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии давлатӣ, моликият, манфиатҳои қонунии иқтисодии шахсони ҳуқуқӣ ё воқеӣ ва ё ҳангоми расонидани зиён ба давлат ва ҷамъият чунин ташкилотҳои динӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ё дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ барҳам дода шуда, фаъолияти чунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ, ки шахси ҳуқуқӣ ҳисоб намеёбанд, бо қарори суд дар асоси пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурори ба ӯ тобеъ манъ карда мешавад.

Бо асосҳои дар қисми дуюми моддаи мазкур омада, барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва манъи фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки шахси ҳуқуқӣ ҳисоб намеёбад, бо қарори суд ҳамчунин дар асоси пешниҳоди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти минтақавии ба ӯ дахлдор амалӣ мегардад.

Барҳамхӯрии шахси ҳуқуқӣ метавонад ҳамчунин бо тартиб ва шартҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ гардад.

ҳангоми аз ҷониби суд бо асосҳои дар Қонуни мазкур омада қабул шудани қарор дар бораи барҳамхӯрии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё ташкилотҳои динӣ воҳидҳои дигари таркибии минтақавии он низ барҳам дода мешаванд.

Моддаи 13. Боздошти фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё ташкилоти динӣ

Дар сурати амалӣ гаштани фаъолияти экстремистии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё ташкилотҳои динӣ, ки ба поймол шудани ҳуқуқу озодии инсон, зиён ба шахсият, саломатии инсон, муҳити зист, тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҷамъиятӣ, моликият, манфиатҳои қонунии иқтисодии шахсони воқеӣ ва ( ё ) ҳуқуқӣ, ба давлат ё ҷамъият расонидани хавфи воқеиро ба вуҷуд меоваранд, шахси вазифадор ё мақомот аз лаҳзаи муроҷиаташ ба суд бо тартиби дар моддаи 12 Қонуни мазкур омада, бо ариза дар бораи барҳам додани иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё ташкилоти динӣ ва дигар воҳидҳои таркибии онҳо ё манъи фаъолияташон ҳуқуқ доранд, ки бо қарори худ фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё ташкилоти диниро то аз ҷониби суд дида баромадани ин ариза боз доранд.

Оиди қарор дар бораи боздошти фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё ташкилотҳои динӣ ва дигар воҳидҳои таркибии онҳо ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Дар ҳолатҳои боздошти фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ташкилоти динӣ ё воҳидҳои минтақавиашон ва дигар воҳидҳои таркибии онҳо ҳамчун муассисаҳои воситаи ахбори омма ба онҳо истифодаи воситаи ахбори оммаи давлатӣ, ташкил кардан ва гузаронидани маҷлисҳо, митингҳо, намоишҳо, гирдиҳамоӣ, пикет мондан, дигар амали эътироз ё чорабиниҳои оммавӣ, иштирок дар интихобот ва раъйпурсиҳо, истифодаи амонатҳои бонкӣ, истиснои истифодаи онҳо барои ҳисоббаробаркунӣ, ки ба фаъолияти хоҷагидориашон алоқаманд аст, товони зиёни (зарари) аз амалҳои онҳо баамаломада, пардохти андозҳо, боҷ ё ҷаримапулӣ ва пардохти шартномаҳои меҳнатӣ манъ карда мешавад.

Агар суд аризаро дар бораи барҳам додани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё ташкилотҳои динӣ ва ё маъни фаъолияти онҳо қонеъ нагардонад, ин иттиҳодия ё ташкилот фаъолияти худро баъди ба ҳукми қонун даромадани қарори суд давом медиҳад.

Боздошти фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ бо тартиби муқараркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

Моддаи 14. Масъулияти воситаҳои ахбори омма барои паҳн кардани маводи экстремистӣ ва амалигардонии фаъолияти экстремистӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи воситаҳои ахбори омма паҳн кардани маводи мазмуни экстремистидошта манъ аст.

Дар сурати аз ҷониби воситаҳои ахбори омма паҳн гаштани маводҳои экстремистӣ ё ошкор намудани асноде, ки мавҷуд будани хусусиятҳои экстремистиро дар фаъолияташон нишон медиҳад, аз ҷониби муассис ва (ё) идораи (сармуҳарири) ҳамин воситаҳои ахбори омма мақомоти ваколатдори идораи давлатӣ дар соҳаи матбуот, телевизион ва радиошунавонӣ ва воситаҳои ахбори омма, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурори ба ӯ тобеъ дар бораи роҳ надодан ба чунин амалу фаъолият бо нишондоди хатогиҳои ҷойдошта дар шакли хаттӣ пешниҳод равон мекунанд. Дар ҳолатҳое, ки агар андешидани чораҳо оиди рафъи хатогиҳои ҷойдошта мумкин бошад, дар пешниҳод ҳамчунин мӯҳлати рафъи хатогиҳои номбаршуда, ки на камтар аз даҳ рӯз аз рӯзи эълон кардани пешниҳод мебошад, муқаррар карда мешавад.

Аз рӯи пешниҳод бо тартиби муқарраршуда ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Дар сурате, ки аз рӯи пешниҳод бо тартиби муқарраршуда ба суд шикоят нашуда бошад ё суд онро ғайриқонунӣ ҳисоб накарда бошад ва ҳамчунин дар мӯҳлати муқарраркардаи пешниҳод чораҳои рафъи қонуншиканӣ, ки барои пешниҳод асос шудаанд ё худ агар такроран дар давоми дувоздаҳ моҳи эълони пешниҳод қонуншиканиҳои наве ошкор шуда бошанд, ки дар мавҷуд будани хусусиятҳои экстремизм дар фаъолияти воситаҳои ахбори омма гувоҳӣ медиҳад, фаъолияти ин ё он воситаи ахбори омма бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур манъ карда мешавад.

Бо мақсади роҳ надодан ба паҳншавии минбаъдаи маводи экстремистӣ, суд метавонад фурӯши шумораҳои ин ё он матбуоти даврӣ ё ададӣ, нашри аудио, ё сабти видеоии барнома, ё нашри ин барномаҳои телевизион ва радиошунавонӣ ё баромадҳои видеоиро бо тартиби барои андешидани чораҳо барои иҷрои даъво боз дорад.

Қарори суд барои мусодираи қисми шумораи нашри ба фурӯшнарафтаи маҳсулоти воситаҳои ахбори омма, ки мазмуни экстремистӣ дорад, аз ҷои нигаҳдошт, савдои яклухт ё чакана асос шуда метавонад.

Моддаи 15. Роҳ надодан барои истифода аз хатҳои алоқаи истифодаи умум барои амалигардонии фаъолияти экстремистӣ

Истифода аз хатҳои алоқаи истифодаи умум барои амалигардонии фаъолияти экстремистӣ манъ аст.

Дар ҳолатҳое, ки агар хатҳои алоқаи истифодаи умум барои амалигардонии фаъолияти экстремистӣ истифода гарданд, чораҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда бо назардошти хусусиятҳои муносибатҳое, ки аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқа ба танзим дароварда шуданд, андешида мешаванд.

Моддаи 16. Мубориза зидди паҳн гаштани маводҳои экстремистӣ

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ва паҳн кардани маводҳои чопӣ, аудио ва аудиовизуалӣ ва дигар маводҳое, ки ақаллан як аломати дар моддаи 3 Қонуни мазкур пешбинишуда дошта бошанд, манъ карда мешавад. Ба ин маводҳо мансубанд:

а) маводҳои расмии манъшудаи ташкилотҳои экстремистӣ;

б) маводҳое, ки муаллифонашон шахсони мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ барои ҷиноятҳои зидди сулҳ ва инсоният маҳкум шудаанд ва аломатҳои экстремистӣ доранд;

в) дигар маводҳо, аз ҷумла маводҳои беимзо, ки аломатҳои экстремистӣ доранд.

Муайян кардани мавҷудияти аломатҳои дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда дар маводҳои иттилоотӣ аз ҷониби суд дар маҳалли ҷойгиршавии ташкилоте, ки чопи чунин маводҳоро ба роҳ мондааст, бо пешниҳоди прокурор амалӣ гардонида мешавад.

Қарори суд дар бораи муайян кардани мавҷуд будани аломатҳои экстремистӣ дар маводҳои иттилоотӣ барои мусодираи қисми ба фурӯш нарафтаи адади нашр асос мегардад. Ташкилоте, ки дар давоми дувоздаҳ моҳ ду маротиба маводи экстремистиро нашр кардааст, аз ҳуқуқи давом додани фаъолияти нашриётӣ маҳрум карда мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн намудани маводҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ҳамчун маводи мазмуни экстремистидошта эътироф шудаанд, манъ аст. Шахсоне, ки ба тайёр, паҳн кардан ва нигоҳ доштани чунин мавод гунаҳгоранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Нусхаи қарори ба ҳукми қонун даромадаи суд дар бораи маводи экстремистӣ ҳисоб ёфтани маводҳои иттилоотӣ ба мақомоти ваколатдори идоракунии давлатӣ дар соҳаи матбуот, телевизион ва радиошунавонӣ ва воситаи ахбори омма равона карда мешавад.

Моддаи 17. Масъулияти шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ барои фаъолияти экстремистиашон

Изҳороти кушоди шахси мансабдор, ҳамчунин дигар шахсе, ки дар хизмати давлатӣ қарор дорад дар бораи ногузир будан, ҷоиз будан, эҳтимолият доштан ё мансуб будани фаъолияти экстремистӣ ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизматиаш ва ё бо нишондоди вазифааш, ҳамчунин аз ҷониби шахси мансабдор барои пешгирии фаъолияти экстремистӣ чораҳо наандешиданаш мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ шуда метавонад.

Мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни мансабҳои олӣ ва асосии хизмати давлатиро ишғолкунанда ӯҳдадоранд фавран чораҳои заруриро оиди ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки амалҳои дар қисми якуми моддаи мазкур омадаро содир кардаанд, андешанд.

Моддаи 18. Масъулияти шахсони воқеӣ барои фаъолияти экстремистӣ

Барои амалигардонии фаъолияти экстремистӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мувофиқи тартиби муқарраршудаи қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ, маъмурӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандӣ кашида мешаванд.

Бо мақсади таъмини бехатарии давлативу ҷамъиятӣ бо тартибу асосҳои пешбининамудаи қонун бо қарори суд коркунӣ ва фаъолият ба шахси дар фаъолияти экстремистӣ иштирок карда дар хизмати давлатӣ, хизмати ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамчунин дар муассисаҳои таълимӣ ва машғул шудан ба фаъолияти хусусии ҳуқуқӣ маҳдуд карда мешавад.

Дар ҳолате, ки агар роҳбар ё корманди мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва ё ташкилоти ғайритиҷоратӣ ва дигар воҳидҳои таркибии онҳо рӯирост барои амалигардонии фаъолияти экстремистӣ, бе нишон додани он ки ин ақидаи шахсии ӯст, даъват мекунад, аз ҷумла дар ҳолатҳое, ки қарори суд нисбати ин шахс барои ҷинояти равиши экстремистӣ дошта ба ҳукми қонун даромадааст, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ ва ё дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва дигар воҳидҳои таркибии онҳо ӯҳдадоранд, ки дар муддати панҷ рӯз аз рӯзе, ки он ариза дода шудааст, рӯирост дар бораи розӣ набуданашон ба гуфтаҳо ё кирдорҳои чунин шахсон хабар диҳанд.

Агар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ ва ё дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва дигар воҳидҳои таркибии онҳо чунин изҳороти рӯирост накунанд, ин метавонад ҳамчун далели мавҷуд будани хусусиятҳои экстремистӣ дар фаъолияти онҳо ҳисоб ёбад ва нисбати он чораҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур андешида мешавад.

Моддаи 19. Роҳ надодан ба фаъолияти экстремистӣ ҳангоми гузаронидани намоишҳои оммавӣ

Ҳангоми гузаронидани маҷлисҳо, намоишҳо, гирдиҳамоӣ, роҳпаймоӣ ва дигар намоишҳои оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ роҳ дода намешавад. Ташкилкунандагони намоишҳои оммавӣ барои риоя накардани талаботҳои муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тартиби гузаронидани намоишҳои оммавӣ дахл доранд, ба роҳ надодан ба фаъолияти экстремистӣ, ҳамчунин ба пешгирии саривақтии он ҷавобгаранд.

Ба иштирокчиёни намоишҳои оммавӣ бо худ гирифтани яроқ ва дигар чизҳое, ки махсус тайёр карда шудаанд ва барои расонидани зиён ба саломатии шаҳрвандон ё зарар ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода шуданаш мумкин аст, манъ аст.

Ҳангоми гузаронидани намоишҳои оммавӣ даъват кардани ташкилотҳои экстремистӣ барои иштирок кардан дар он, истифодаи рамзҳо ва байрақу нишонҳои онҳо ва ҳамчунин паҳн кардани маводи экстремистӣ манъ аст.

Ҳангоми сурат гирифтани ҳолатҳои дар қисми сеюми моддаи мазкур пешбинишуда, ташкилкунандагони намоишҳои оммавӣ ё дигар шахсони дар гузаронидани он масъул ӯҳдадоранд, ки фавран чораҳоро оиди рафъи камбудиҳои зикршуда андешанд. Риоя накардани ин ӯҳдадорӣ боиси манъи намоиши оммавӣ бо талаботи намояндаҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта, ташкилкунандагони он бо асосҳо ва тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 20. Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди экстремизм

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ, ташкилотҳои ғайритиҷоратии давлатҳои хориҷӣ ва воҳидҳои дигари таркибии онҳо, ки ҳамчун фаъолияти экстремистӣ ҳисоб меёбад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ манъ аст.

Манъи фаъолияти ташкилотҳои хориҷӣ боис мегардад ба:

а) барҳам додани аккредитатсия ва бақайдгирии давлатӣ мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) манъи истиқомати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба сифати намояндагон ва аъзоёни чунин ташкилотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) манъи ҳама гуна фаъолияти хоҷагидорӣ ва намудҳои дигари он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) манъи чопи ҳама гуна маводҳо аз номи ташкилотҳои манъкардашуда ба воситаи ахбори омма;

д) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъи паҳн гаштани маводҳои ташкилотҳои манъкардашуда ва ҳамчунин дигар ҳуҷҷатҳои иттилоотӣ, ки маводҳои ин ташкилотҳоро доранд;

е) манъи гузаронидани ҳама гуна намоишҳои оммавӣ ва чорабиниҳои кушода ва ҳамчунин иштирок дар намоишҳои оммавӣ ва чорабиниҳои кушода ба сифати намояндаи ташкилоти манъкардашуда (ё намояндаи расмии он);

ж) манъи созмон додани ташкилоти вориси ҳуқуқ дар ҳама гуна шаклҳои ҳуқуқии он ташкилот;

з) экстрадитсияи шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дигар давлатҳо ба экстремизм гунаҳкор дониста шудаанд дар он ҳолате, ки агар ин мақомот далелҳои гунаҳкор будани он шахсонро пешниҳод кунад.

Баъди ба ҳукми қонун даромадани қарори суд оиди манъи фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратии хориҷӣ мақомоти давлатии ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст дар мӯҳлати даҳ рӯз намояндагии дипломатӣ ё консулгарии ҳамон давлати хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди манъи фаъолияти ин ташкилот, сабабҳои манъ кардан ва ҳамчунин оиди оқибатҳои он, ки бо манъи фаъолияти он ташкилотҳо алоқаманд аст, хабар диҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаҳои байналмилалии эътирофшуда дар соҳаи мубориза бар зидди экстремизм бо давлатҳои хориҷӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо ва ҳамчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, ки муборизаро зидди экстремизм амалӣ мегардонанд, ҳамкорӣ мекунад.

Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 8 декабри соли 2003

№ 69

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin