Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ”

– муқаррар намудани шахсияти шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷй ва шахсони бешаҳрванд, ки бо сабаби вазъи саломати ва ё синну сол дар бораи шахсияти худ маълумот дода наметавонанд;

– кофтукови шаҳрвандоне, ки бе ному нишон гум шудаанд;

– муқаррар намудани шахсияти ҷасадҳои номаълум. (ҚҶТ аз 29.12.10с №647)

Моддаи 2. Мафҳум ва намудҳои бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ яке аз шаклҳои тасдиқ кардани шахсияти инсон бо ёрии маълумот дар бораи расми нақши папилярии ангуштони даст, танзим, нигаҳдорӣ ва истифодабарӣ бо мақсадҳое мебошад, ки Қонуни мазкур муайян намудааст.

Тарзи қабули маълумоти нишондодашуда набояд, ки хавфе барои ҳает ва саломатии инсон бошад, ору номус ва шаъну эътибори ӯро паст кунад.

Дар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, амалҳои зерин гузаронида мешавад:

а) бақайдгирии давлатии дактилоскопии ихтиёрӣ;

б) бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ.

 

Моддаи 3. Принсипҳои ба амал баровардани бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

 

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ мувофиқи принсипҳои қонуният, инсондустӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, махфият, ихтиёрӣ ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бирай бакайдгирии давлатии дактилоскопй

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ ба Конститутсияи(СарқонуниҶумҳурии Тоҷикистои асос ёфтааз Қонуни мазкурдигар санадҳои меъёрии ҳуқуқииҶумҳурии Точикистонинчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеки Тоҷикистон онҳоро эътирофкардаастиборат мебошад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №647)

 

Моддаи 5. Бақайдгирии давлатии дактилоскопии ихтиёрӣ

 

Бақайдгирии давлатии дактилоскопии ихтиёрӣ ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бе маҳдудияти синну сол бо изҳори ризоияти шаҳрвандон ё ки намояндагони қонунии онҳо гузаронида мешавад.

 

Моддаи 6. Бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ

 

Таҳти бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ шахсоне қарор мегиранд, ки:

– дар содир намудани ҷиноят гумонбар шудаандба ҳабс гирифта шудаандайбдор ва маҳкум кардашудаандинчунин шахсонеки ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмури садам роҳи муайянкардани шахсият мегарданд;

– ба хизмати ҳарбӣ, хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ба кор дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва ё воҳидҳои сохтории онҳо, ки фаъолияти кориашон ба ҳаёти кормандон хатари калон дорад ё бо режими махсуси махфӣ алоқаманд аст, бо номгӯи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда қабул карда мешаванд;

– ба мақомоти корҳои дохилии ҷои истиқоматашон барои гирифтани иҷозатномаи истифодабарии яроқи оташфишон муроҷиат мекунанд;

– бо сабаби вазъи саломатӣ ва ё синну сол дар бораи шахсияти худ маълумот дода наметавонанд;

– дар ҳудуди минтақаҳои фавқулоддаи хавфноки дорой хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ истиқомат менамоянд;

– шаҳрвандони хориҷй ва шахсони бешаҳрванд, ки аз қудуди Ҷумқурии Тоҷикистон бароварда мешаванд.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи панноҳгоҳ меоянд, таҳти бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ қарор мегиранд.

Таҳти бакайдгирли давлатии дактилоскопии ҳатмӣ инчунин ҷасадҳои шахсияташон номаълум қарор мегиранд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №647)

 

Моддаи 7. Тартиби гузаронидани бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

 

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

 

Моддаи 8. Нигоҳдорӣ, такмилдиҳӣ, танзим ва нобуд кардани маводи дорои маълумоти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

 

Нигоҳдорӣ, такмилдиҳӣ, танзим ва нобуд кардани маводи дорои маълумоти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар Маркази бақайдгирии давлатии дактилоскопии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 81. Маблағгузории фаъолияти бақайдгирии давлатии дактилоскопй

 

Маблағгузорни фаъолияти бақайдгприи давлатии дактилоскопй аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлати, инчунин аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №647)

 

Моддаи 9. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

 

Барои вайрон кардани Қонуни мазкур шахсони гуннаҳкор мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш.Душанбе

3 сентябри соли 1999

№ 830

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin