• Home »
  • ХАБАР »
  • Қаллоб 600 халтаи ордро бо роҳи фиреб аз худ намуд

Қаллоб 600 халтаи ордро бо роҳи фиреб аз худ намуд

Ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе як нафар зани 35-сола дар он хусус муроҷиат намудааст, ки нисбати як нафар мардумфиреб чораҳои қонунӣ андешида шавад.
Вобаста ба ин, кормандони милитсия дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ як ҷавони 28-солаи сокини шаҳри Душанберо дастгир намуданд. Номбурда бо роҳи фиреб ва суистифода аз боварӣ 14390-доллари амрикоии ҷабрдидаро бо ваъдаи баргардонидан гирифта аз они худ намуда, ба манфиати хеш сарф намудааст.
Ҳамчунин зимни сангҷиш ва мавриди баррасӣ қарор додани ариза ва муроҷиатҳои шаҳрвандон кормандони милитсия ошкор намуданд, ки ин ҷавони 28-солаи сокини пойтахт, дар содир намудани 4-лаҳзаи дигари ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.
Инчунин номбурда аз тоҷири 36-солаи сокини дигари шаҳри Душанбе 600-халта ордро бо роҳи фиреб аз они худ намудааст.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки ӯ бо ин кирдори мардумфиребӣ ба шаҳрвандон бо асъори миллӣ зиёда аз 130-ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғозгардида, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin