Саркашӣ намудани ронандагон аз талаботи нозири роҳ

Саркашӣ намудани ронандагон аз талаботи нозири роҳ

Масъулини Шуъбаи Бозрасии давлатии автомабилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади танзими ҳаракати роҳ ва пешгирӣ аз садамаҳои нохуши нақлиётӣ чораҳои дахлдор андешад ҳам, ҳамоно риоя нагаштани талаботҳои ҳатмии Қоидаҳои ҳаракати рох ба мушоҳида мерасад.
Яке аз ҳолатҳои ташвишоваре, ки имрӯзҳо ҳангоми идораи воситаи нақлиёт ба назар мерасад, ин дар баробари қоидавайронкунӣ муносибати дағали ронанда бо нозири роҳ, нописандию ҳавобаландӣ, сӯиистифода аз вазифаи хизматии шахсони мансабдор ва наздикони онҳо мебошад.
Кормандони БДА ҳамарӯза зимни хизматбарӣ бо чунин ҳолатҳои ташвишовар, ки берун аз одоби шаҳрвандист, рӯ ба рӯ мешаванд.
Давоми ҳафтаи гузашта якчанд далели ба талаботи қонунии корманди БДА оиди боздошти воситаи нақлиёт итоат накардани ронандагон муайян, ошкор ва ба қайд гирифта шуд. Нисбати ронандагони саркаш чораҳои таъсиррасони ҳуқуқӣ аз қабили банду баст намудани кирдори онҳо бо моддаи 329 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне талаботи қонунии корманди милитсияро бобати боздоштани воситаи нақлиёт иҷро накардани ронандагон татбиқ карда шуд. Аз ҷумла нисбати ронандагон:

Ҷураев Шамсулло Сайфуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота Королла, рақами қайди давлатиаш 4130DD01,

Забуров Сайдҳасан Ҳикматуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес Бенс, рақами қайди давлатиаш 6599DD01,

Олимов Саидакбар Абдуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес Бенс, рақами қайди давлатиаш 7724АТ01,

Рауфов Саидикром Ҳасанович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 5536АТ01,

Бобоев Баҳодур Абдуҷабборович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 3257АС07,

Шарипов Маҳмасобир Маҳматович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 5247СР01,

Оев Ғолибҷон Юсуфович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 1966ВК01,

Назаров Ҷумахон Шералиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай Старекс, рақами қайди давлатиаш 8425ТТ01,

Аминов Бахтиёр Ҷамшедович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 9369ЕЕ01,

Каримов Самад Маҳмадраҳимович – ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз 2107, рақами қайди давлатиаш 9868ЕЕ01,

Зарипов Бахтиёр Рафиқович – ронандаи автомашинаи тамғаи Дэу Сиело, рақами қайди давлатиаш 9712АВ08,

Иқтибос аз Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Моддаи 329. Талаботи қонунии корманди милитсияро бобати боздоштани воситаи нақлиёт иҷро накардани ронандагон

1. Барои аз тарафи ронандагон иҷро накардани талаботи қонунии корманди милитсия бобати боздоштани воситаи нақлиёт ё саркашӣ кардан аз пешниҳод намудани ҳуҷҷат ё нақлиёт барои санҷиш, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри кормандони милитсия ё дигар шахсон вонагузоштани воситаи нақлиёт,

– ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мўҳлати аз шаш моҳ то як сол таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1179)

2. Барои аз тарафи ронандагон дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран иҷро накардани талаботи қонунии корманди милитсия бобати боздоштани воситаи нақлиёт,

– ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мўҳлати як сол таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1179)

3. Барои содир намудани кирдорҳои дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинишуда аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад,

– ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1179)

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin