Ронандаи фирорие, ки 2 нафар ноболиғро ба ҳалокат расонид, дастгир гардид
Мутаассифона вақтҳои охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва ба ҳалокат расидани пиёдагардон махсусан аз ҷои ҳодиса фирори ронандагон мушоҳида мегардад, ки ҷои нигаронист. Чунин ронандагони қонуншикан ҷои он, ки ба пиёдагарди ҷабрдида кумаки амалии худро расонанд, вале ноҷавонмардона аз ҷои ҳодиса фирор мекунанд, ки ин амал ҷурми онҳоро дар назди қонун вазнинтар мегардонад.
Санаи 22-юми феврали соли 2018, тахминан соати 17:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи номаълум, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон ба самти кӯчаи Абайи шаҳри Душанбе, дар болои гузаргоҳи танзимшаванда Қоидаҳои бехатарии харакат дар роҳро дағалона вайрон намуда, пиёдагардони хурсдол Норов Ҳамза Акрамович соли таваллудаш 2008 ва Норова Дилноза Саидмуродовна соли таваллудаш 2007 сокинони пойтахтро пахш намудааст. Бо рух додани чунин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ, мутаассифона пиёдагардони хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидаанд.
Бо гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ронандаи фирорӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дастгир шуд. Муайян гардид, ки ин ҷиноятро ронандаи автомашинаи тамғаи “Ауди” бо рақамҳои давлатии бегона 8867АТ 07 ва бе шаҳодатномаи ронандагӣ шаҳрванд Шарифов Маъруф Давлатмамадович соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе содир намудааст. Нисбати ронандаи фирорӣ барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ маводҳои аввалиндараҷа тартиб дода шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Бори дигар хотирнишон кардан ба маврид аст, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла бо тағйиру иловаҳои нав дар Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ронандагони қонуншикан вазнин карда шудааст.
Моддаи 212. Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт
1) Аз ҷониби шахси идоракунандаи автомобил ё дигар воситаи нақлиёти механикӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ё истифодаи воситаи нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари миёна ба саломатии инсон гаштааст, –
бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон, расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст, –
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъоляти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст, –
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъоляти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз тарафи шахси дар ҳолати мастӣ қарордошта ё шахсе, ки ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиётро надорад, содир карда шуда, аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст,- (КҶТ аз 28.08.17 с., №1467)
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати даҳ сол ҷазо дода мешавад. (КҶТ аз 28.08.17 с., №1467)
5) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз тарафи шахси дар ҳолати мастӣ қарордошта ё шахсе, ки ҳуқуқи идора кардани воситаҳои наклиётро надорад, содир карда шуда, аз беэхтиётӣ боиси марги ду ва ё зиёда шахсон гардидааст,- (КҶТ аз 28.08.17 с., №1467)
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз даҳ то бист сол ҷазо дода мешавад. (КҶТ аз 28.08.17 с., №1467)
Эзоҳ: Таҳти мафҳуми дигар воситаҳои нақлиёти механикӣ дар моддаи мазкур трактор, дигар мошинҳои худгард, троллейбус, инчунин мотоцикл ва дигар воситаҳои нақлиёти механикӣ дар назар дошта шудааст.
Моддаи 2121. Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона, рақами қалбакӣ ва ё тайёр кардани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт
1) Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ё рақами қалбакӣ, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин кирдор содир шуда бошад, –
бо ҷарима ба андозаи аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Тайёр кардани рақамҳои калбакии қайди воситаи нақлиёт, –
бо ҷарима ба андозаи аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад. (КҶТ аз 23.07.2016 с., №1331).
Моддаи 2122. Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки хуқуқӣ ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад
Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, инчунин аз тарафи ин шахс барои идоракунӣ додани воситаи нақлиёт ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин кирдор содир шуда бошад, –
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. (КҶТ аз 28.08.17 с., №1467)