• Home »
  • ХАБАР »
  • Миёни милитсия ва ҷомеа бояд робитаи доимӣ таъмин бошад!
Миёни милитсия ва ҷомеа бояд робитаи доимӣ таъмин бошад!

Миёни милитсия ва ҷомеа бояд робитаи доимӣ таъмин бошад!

Дар вохӯрие, ки рӯзи 7-уми феврал дар маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе оид ба муаррифии натоиҷи «Нақшаҳои профилактикӣ доир ба масъалаҳои бехатарии ҷомеаҳои мақсаднок» доир гардид, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Фарҳодбек Шодмонзода, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Қудратулло Ғуломов, муовини раиси Шӯрои ҷамъиятии назди РВКД дар шаҳри Душанбе Неъматулло Билолов, намояндагони ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар», воситаҳои ахбори омма ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллии ноҳияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ нахуст сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, қайд кард, ки мақсад аз ташкил намудани Шӯрои ҷамъиятӣ таъмини ҳамкории пайвастаи мақомоти корҳои дохилӣ бо мардум мебошад, ки ин раванд ба афзудани боварии ҷомеа нисбати ин мақомоти бонуфузи давлатӣ мусоидат менамояд. Ҷомеа бояд ҳамеша бо мақомоти милитсия робитаи наздик дошта бошад. Имрӯз ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии кишвар ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти Ватани мо – шаҳри Душанбе, рӯз то рӯз ободу зеботар гардида истодааст. Ҳамаи ин ғамхориҳо мо – кормандони мақомоти милитсияро ба он водор месозад, ки бояд баҳри ҳифзи тартибу низом дар ҳудуди пойтахт ҳамеша бо шаҳрвандон дар робитаи наздик қарор дошта бошем.

– Милитсияи пойтахт имрӯзҳо мавриди таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дошта, он аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад, ки ин ҳама боиси дар байни мардум баланд гардидани нуфузу мартабаи мақомоти мазкур шудааст. Вақте ки чунин аст, пас мо бояд ҳамеша ҷаҳду талош намоем, ки ба ин боварӣ сазовор бошем, – иброз намуд дар охири суханронии худ Ш. Назарзода.
Дар идомаи вохӯрӣ, ҳамчунин Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Фарҳодбек Шодмонзода баромад намуда, дар баробари корҳои анҷомдода, ҳамзамон аз сафари кории худ ба Ирландияи Шимолӣ ёдовар шуд. Тавре ӯ иброз намуд, мақсад аз ин сафар омӯзиши таҷрибаи ин кишвари мустамликавӣ дар роҳи ворид намудани ислоҳот ба мақомоти корҳои дохилии он буд. Зеро Ирландияи Шимолӣ низ чун Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст.
– Тавре мо зимни ин сафари омӯзишӣ мушоҳида намудем, бо шарофати ворид намудани ислоҳот ба мақомоти политсияи ин кишвари аврупоӣ, он тавонист дар давраи 30 соли баъдиҷангӣ бо фаъолиятҳои назарраси худ сазовори боварию эътимоди мардуми ин давлат бигардад. Имрӯз ҷомеаи ин кишвар тинҷу ором буда, мардумаш бо политсия дар робитаи наздику доимӣ қарор доранд. Омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани ин таҷрибаи Ирландияи Шимолӣ барои Тоҷикистон, аз ҷумла барои мақомоти корҳои дохилии кишвари мо хеле зарур аст, – гуфт Ф. Шодмонзода.

  Дар идомаи чорабинӣ, инчунин муовини раиси Шӯрои ҷамъиятии назди РВКД дар шаҳри Душанбе Неъматулло Билолов ва узви Шӯрои мазкур Гулпарӣ Латипова оид ба фаъолияти кории ин созмони ҷамъиятӣ ибрози андеша карданд.
Мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Қудратулло Ғуломов дар баромади худ оид ба кори Шӯро ҳисобот дода, доир ба фаъолияти телефонҳои боварии мақомот ва дигар корҳое, ки дар самти наздик намудани робита миёни милитсия ва ҷомеа тайи солҳои охир амалӣ гардидаанд, маълумот дод.
Дар интиҳои ин ҷамъомади судманд миёни иштирокчиёни он табодули афкор сурат гирифта, пешниҳод гардид, ки Шӯроҳои ҷамъиятие, ки дар назди ҳар як ШВКД фаъолият менамоянд, бояд бо ҳуҷраҳои корӣ таъмин бошанд.
София ШОИКОВА

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin