Давоми ҳафта 19 ронандаи сархуш боздошт гардид

Давоми ҳафта 19 ронандаи сархуш боздошт гардид

   Кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе чун ҳафтаҳои пеш ҳафтаи сипаригшардида низ фаъолиятро дар самти таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар доираи амалиёти «Пиёдагард» як қатор чорабиниҳои махсуси профилактикӣ доир намуданд.
   Бояд тазаккур намуд, ки дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми санаҳои 19 то 24 феврали соли ҷорӣ дар ҳудуди пойтахт ҳамагӣ 2987 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз ҷмула:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 19 адад;
-Бо рақами қайди давлатии бегона ё қалбакӣ – 8 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ –10 адад;
-Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 8 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 128 адад;
-Истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 90 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 24 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оиди манъ кардани воситаи нақлиёт – 13 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 79 адад;
-Муқобили самт ҳаракат намудан ҳангоми танбашавӣ – 27 адад;
-Носозии техникӣ – 110 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 68 адад;
-Сиёҳшиша – 4 адад;
-Таҷҳизонидани дастгоҳи махсуси садодиҳанда ва равшанидиҳанда – 9 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 142 адад;
-Таваққуф намудани воситаи нақлиёт дар минтақаи истиқоматӣ – 107 адад;
-Ҳаракати гурӯҳӣ – 1 адад;
-Халалдор кардани оромии ҷамъиятӣ – 26 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси рух додани садамаҳои нақлиётӣ ва зарар гардидааст – 10 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 180 адад;
-Мувофиқат накардан ба ГОСТ – 7 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 567 адад;
-Шумораи воситаҳои нақлиёти ба ҷаримагоҳи БДА дастрасшуда – 37 адад;
   Гарчанде ҷавобгарӣ дар самти идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазнин гардида бошад, ҳам мутаассифона баъзе аз ронандагоне ҳастанд, ки дар ҳолати сархушӣ воситаи нақлиётро идора мекунанд, ки ин метавонад ба рух додани садамаҳои нохуши нақлиётӣ сабаб гардид.
   Дар ин самт кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе фаъолияти ҳамаҷонибаро ба роҳ мондаанд, ки танҳо дар довоми ҳафтаи сипаришуда аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 19 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Инҳо:
-Шоҳмуродов Суҳроб Рустамович –ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 2910ЕЕ01
-Сафарзода Раҷабалӣ Сайнемон – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес- Спринтер, рақами қайди давлатиаш 4501ТТ05
-Хоҷаев Қодирхон Исроилович- ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Вектра, рақами қайди давлатиаш 9670ВА01
-Саидов Ҷаҳонгир Ғиёсович- ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ, рақами қайди давлатиаш 5191ЕС01
-Собиров Уктам Рустамович- ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус, рақами қайди давлатиаш 1774 ЕС01
-Тураев Ҳасан Қурбонмамадович- ронандаи автомашинаи тамғаи Ниссан- Максима, рақами қайди давлатиаш 3114 ЕА 01
-Давлатов Илҳомиддин Олимович- ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 1891 ВН01
-Авзалшоҳи Мирзо- ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 022ХМ02
-Сафаров Маҳмадҷон Баҳруддинович- ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Вектра, рақами қайди давлатиаш 4755ЕС01
-Шакаров Шафқат Юсупович- ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ-2108, рақами қайди давлатиаш 8306НО03
-Раҳматов Фаридун Мухторович- ронандаи автомашинаи тамғаи Шевролет, рақами қайди давлатиаш 4194АЕ08
-Саидов Зиёдулло Сайфуллоевич- ронандаи автомашинаи тамғаи ДЕУ-Сиело, рақами қайди давлатиаш 1781 СТ01
-Асадов Фирдавс Сайфуллоевич- ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 4114 вс01
-Куканов Саидумар Холбобоевич- ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 0616 ЕЕ01
-Абдураҳимов Абдураҳим Шоҳзуҳурович- ронандаи автомашинаи тамғаи Ниссан-Максима, рақами қайди давлатиаш 1295АЕ01
-Савлатов Шариф Маҳмадалиевич- ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз-21099, рақами қайди давлатиаш 9369 ЕМ01
-Сайёдов Низомиддин Мирзоҳаётович- ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Зефира, рақами қайди давлатиаш 6493 ЕЕ01
-Искандаров Фирдавсшоҳ Мирвалихонович- ронандаи автомашинаи тамғаи ДЕУ-Сиело, рақами қайди давлатиаш 8495ЕМ01
-Мансуров Суҳроб Саидович- ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ-21015, рақами қайди давлатиаш 7900АК01

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin