Боздошти ронанда пас аз баррасии маводи корбари Фейсбук
Ба маводи иттилоотии корбари Фейсбук
шаҳрванд Олга Мухамедова таҳти унвони
“Обращаюсь к инспекторам ГАИ!”,
ки санаи 5 феврали соли ҷорӣ
дар гуруҳи фейсбукии
“Мо Тоҷикистонием” инъикос гардидааст
Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маводи инъикоснамудаи корбари фаъоли саҳифаи иҷтимоии Фейсбук шаҳрванд Олга Мухаммедова таҳти унвони “Обращаюсь к инспекторам ГАИ!”, ки дар саҳифаи фейсбукии гурӯҳи “Мо Тоҷикистонием” инъикос гардида, оиди кирдори зиддиҳуқуқии ронандаи автомошинаи тамға ва рақамҳои қайди давлатии номаълум, ки тахминан соати 12.45 дақиқаи санаи 5 феврал ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рудакии шаҳри Душанбе, назди Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №14 талаботи чароғаки роҳнаморо дағалона вайрон намуда, дар ҳолати сурх будани ранги чароғаки роҳнамо, ки дар ин вақт хонандагони мактаби номбурда роҳро аз ҷои пиёдагузар убур менамуданд, ҳаракати воситаи нақлиётро идома дода, ба ҳаракати бехатарии хонандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ таҳдид намудааст, мавриди баррасӣ қарор дода аз натиҷааш чунин иттилоъ медиҳад.
Бо супориши сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон муроҷиати мазкур аз ҷониби Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш ва чораҷӯии холисона, пурра ва ҳаматарафа қарор дода шуда, дар асоси далелҳои дар мавод инъикосгардида бо истифода аз имкониятҳои камераҳои назоратии Маркази худкори автоматикунонидаи “Шаҳри бехатар” воситаи нақлиёт, аломати қайди давлатӣ ва соҳиби он муайян карда шуд.
Дар натиҷа муайян гардид, ки воситаи нақлиёти мазкур тамғаи Мерседес-Бенс, аломати қайди давлатиаш 1111ХК01 буда ба шаҳрванд Зокиров Муллоаббосхон Акбархонович, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Раҳмон Набиев тааллуқ дорад. Зимни баррасии муроҷиат маводҳои дар он инъикосгардида ба пуррагӣ тасдиқ ёфта, ронанда Зокиров ба кирдори содирнамудааш иқрор гардид.
Дар асоси нишондоди иқрорнамудаи ронанда барои вайрон намудани талаботи банди 61 сархати 5-и “Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ” нисабати ронандаи автомошинаи мазкур шаҳрванд Зокиров Муллоаббосхон Акбархонович бо дастрасии моддаи 318 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима татбиқ карда шуд.
Аз ин рӯ, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ин самт андешаи муаллифи матлаб оиди инъикоси вайроннамоии қоидаҳои ҳаракати роҳ ва дигар кирдорҳои зиддиқуқуқиву ҷиноятиро бо мақсади пешгирӣ ва дар оянда роҳ надодан ба чунин ҳуқуқвайронкуниҳо ҷонибдорӣ намуда, аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан тавассути почтаи электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе rvkddushanbe@mail.ru, саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе” ва ё телефони боварии Раёсат (+99237) 221-15-00 муроҷиат намоянд.