Боздошти ронандаи мусофиркаш дар ҳолати сархушӣ

Боздошти ронандаи мусофиркаш дар ҳолати сархушӣ

Ҳафтаи сипаришуда кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар самти таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар доираи амалиёти «Пиёдагард» як қатор чорабиниҳои махсуси профилактикӣ доир намуданд.
Дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми санаҳои 12 то 18 феврали соли ҷорӣ ҳамагӣ 3750 адад қоидавайронкуниҳои дағал ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз ҷмула:
-Бо рақами қайди давлатии бегона ё қалбакӣ – 4 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ –15 адад;
-Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 3 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 223 адад;
-Истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 12 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 32 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оиди манъ кардани воситаи нақлиёт – 30 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 60 адад;
-Муқобили самт ҳаракат намудан ҳангоми танбашавӣ – 14 адад;
-Носозии техникӣ – 81 адад;
-Бе иҷозатнома таҷҳизонидани воситаи нақлиёт бо дастгоҳи газӣ – 67 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 83 адад;
-Сиёҳшиша – 2 адад;
-Таҷҳизонидани дастгоҳи махсуси садодиҳанда ва равшанидиҳанда – 14 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 163 адад;
-Таваққуф намудани воситаи нақлиёт дар минтақаи истиқоматӣ – 122 адад;
-Ҳаракати гурӯҳӣ – 18 адад;
-Халалдор кардани оромии ҷамъиятӣ – 16 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси зарар гардидааст – 24 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 494 адад;
-Мувофиқат накардан ба ГОСТ – 12 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 2245 адад;
-Шумораи воситаҳои нақлиёти ба ҷаримагоҳи БДА дастрасшуда – 48 адад;
Ҳамчунин, ҳафтаи сипаришуда аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 8 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Инҳо:

Ғаюров Шарифҷон Абдуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай Старекс, рақами қайди давлатиаш 1057ТТ01,

Қурбонов Завқибек Сафарбекович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 3660DO01,

Малангов Навруз Илҳомович – ронандаи автомошинаи тамғаи Хундай Соната, ки ба ҶДММ «Саҳн» тааллуқ дорад, рақами қайди давлатиаш 507ZВ01,

Хоҷаев Қодирхон Исроилович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Вектра, рақами қайди давлатиаш 9670ВА01,

Азимбоев Хайрулло Нарзуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Вектра, рақами қайди давлатиаш 8612ВН02,

Зуҳуров Фахриддин Маҳмадуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 0982DO08,

Назаров Сайумрон Абдуҳалимович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 8165СВ01,

Искандаров Фирдавсшоҳ Мирвалихонович – ронандаи автомашинаи тамғаи Дэу Сиело, рақами қайди давлатиаш 8495ЕМ01,

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin