• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти гумонбари дуздии $470 000 дар шаҳри Душанбе
Боздошти гумонбари дуздии $470 000 дар шаҳри Душанбе

Боздошти гумонбари дуздии $470 000 дар шаҳри Душанбе

Шаби 16-уми декабри соли 2017 ба шакли пурасрор дуздида шудани маблағи калони пулӣ ба миқдори тақрибан ним миллион доллари амрикоӣ, аниқтараш 470 ҳазор доллари ИМА аз ҳуҷраи кории яке аз ширкатҳои сохтмонии шаҳри Душанбе ҳар гуна хабару овозаҳоеро ба миён оварда, ҳисси беъэтимодӣ ва нобоварии ҷабрдидагон ва аҳолии маҳалларо аз кушода нашудани гиреҳи ҷиноят ва дастгир нагардидани гумонбарони ин ҷинояти муқобили моликият равонагардида ба бор оварда буд.
Баъди боздид ва азназаргузаронии роҳбарияти мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе аз ҷои ҳодиса ва созмон додани гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ бо фармони сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Ш.Р. ба ҳайати он кормандони ботаҷрибаи бахшҳои оперативӣ ва криминалистию тафтишотӣ ҷалб карда шуда, фаъолити ҷустуҷӯӣ дар самти муайян ва ошкор намудани гумонбарони он зери назорати қатъии роҳбарияти Раёсат қарор дода шуд.
Дар натиҷаи ба роҳ мондани фаъолияти босамар ва натиҷабахши оперативии кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба ҳамагуна ҳадсу гумонҳои пайдогардида нуқта гузошта, гумонбари асосие, ки 470 ҳазор доллари амрикоиро дуздида буд, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дастгир карда шуд.
Зимни пешбурди суръатноки тафтиши парвандаи ҷиноятӣ муайян гардид, ки дар содир намудани ин ҷинояти пурсадо шаҳрванд Сафаров Рустам Абдулвоҳидович соли таваллудаш 1986, зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ки қаблан 3-маротиба бо ҷурмҳои гуногун маҳбасӣ гардидааст, даст дорад.
Зимни пурсиш аз нишондоди гумонбаршаванда Сафаров Рустам маълум гардид, ки ӯ қаблан барои ба даст овардани маблағ омодагӣ дидааст. Сипас бо ҳар гуна ашёи оҳанини шикананда масаллаҳ гардида, тақрибан соати 3-30 дақиқаи шаби 16-уми декабри соли 2017 бо шикастани тиреза вориди ҳуҷраи кории ширкати сохтмонӣ гардида, дар ҷустуҷӯ ва кофтукови маблағҳои пулӣ мешавад. Баъд аз ёфтани сандуқи оҳанин ба воситаҳои оҳанине, ки бо мақсади шикастани он бо худ оварда буд, сандуқро шикаста, аз дохилаш 470-ҳазор доллари ИМА, 10-ҳазор сомонӣ ва 1-ададӣ соату ангуштарини мардонаи тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.
Сипас гумонбаршаванда бо пинҳон кардани маблағҳои калони бо роҳи ҷиноят ба дастомада дар деҳаи Шугнови ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон паноҳ бурда, гумон мекунад, ки кирдори содирнамудааш аз чашми қонун пинҳон мемонад.
Вале маҳз малакаи касбии баланди кормандони милитсияи шаҳри Душанбе буд, ки дар натиҷаи амалинамоии чорабиниҳо бо роҳу усулҳои оперативӣ парда аз рӯи ҷиноят кушода, 330-ҳазор доллари амрикоии дуздидашуда ҳамчун далели шайъи дарёфту мусодира гардид.
Ҳамчунин зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки боздоштшуда Сафаров Рустам дар содир намудани зиёда аз 12-лаҳзаи дигари ҷиноятҳои дуздӣ гумонбар дониста мешавад.
Айни ҳол нисбатаи гумонбаршаванда Сафаров Рустам Абдулвоҳидович бо моддаи 244 қисми 4 Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin